Пайвандҳои дастрасӣ

Умар Ал-Башир натоиҷи раъйпурсиро мепазирад


Умар Ал-Башир, раисиҷумҳури Судон, изҳор намуд, ки натиҷаҳои раъйпурсӣ оид ба истиқлоли ҷануби кишварро мепазирад. Бар пояи иттилоъи пешакӣ, тақрибан 99 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй аз истиқлоли Судони ҷанубӣ пуштибонӣ кардаанд. Қарор аст, ки имрӯз натиҷаҳои расмии райъпурсӣ эълон шавад. Эълон дар бораи таъсиси давлати нав дар харитаи Африқо 9 июл пахш хоҳад шуд.
Баргузории раъйпурсӣ яке аз шартҳои созиши сулҳи соли 2005 буд, ки ба ҷанги тулонӣ миёни шимоли мусалмоннишин ва ҷануби асосан масеҳинишини Судон хотима бахшид.
XS
SM
MD
LG