Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, шикояти экологҳои Узбакистон дар мавриди Роғун ба он дахли мустақим надорад.

Шӯрои Бонки Ҷаҳонӣ дар як изҳороти расмӣ иттиҳомотеро, ки созмонҳои экологии Узбакистон дар робита ба тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон бар дӯши ин ниҳоди молиявии байнулмилалӣ гузоштаанд, рад кард.

Дар хулосаи Гурӯҳи бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ин ҳайат дар рӯзи 8-уми октябри соли гузашта аз намояндаи порлумони Узбакистон, Борӣ
Онҳо гуфтанд, агар Роғун сохта шавад, Арал аз байн меравад. Хориҷиён суол карданд, ки ҳоло Роғун сохта нашудааст, аммо чаро Арал чунин аст?..
Алихонов ва фаъолони зистмуҳитӣ Саидрасул Сангинов ва Дилором Файзиева номае дарёфт кард, ки дар он Бонки Ҷаҳонӣ ба пуштибонӣ аз бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва сармоягузорӣ ба бархе аз корҳои он зимни барномаи "Коҳиши бохти энержӣ" айбдор шудааст.

Намояндагони Узбакистон ҳамчунин Бонки Ҷаҳониро ба он муттаҳам кардаанд, ки ба муроҷиатҳои қаблӣ ва батакрори экологҳои Узбакистон посух надодааст ва ё бо "ҷавобҳои норӯшан ва сода" аз гуфтугӯи ошкоро фирор кардааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ ва Гурӯҳи бозрасони он рӯзи 3-юми феврал шикояти экологҳои Узбакистон баррасӣ шуда, ба он посухи рад дода шуд. Дар ин посух гуфта мешавад, барномаи баррасии ҳамаи ҷанбаъҳои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ маънии ҳимояти бонк аз ин тарҳро надорад ва ба он нигаронида шудааст, ки пайомадҳои манфии тарҳи Роғун, таъсири он ба муҳити зист ва ҳаёти кишварҳои поёноб ва ҳамчунин тарафҳои мусбати ин тарҳ, аз ҷумла таъмини мардум бо нерӯи барқ ва густариши иқтисодии минтақаро рӯшан кунад.

Бино ба изҳороти Бонки Ҷаҳонӣ, экологҳои Узбакистон бо таъкид ба ҳузури густардаи худ дар порлумони ин кишвар ва ҳаққи сухан аз номи мардуми Узбакистон аз бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ карда, навиштаанд, ки "ин тарҳ 40 сол пеш таҳия гашта, ҷанбаъҳои экологиро дар бар намегирад", "баъд аз соли 1992 амалан бо камомадҳои ҷиддии фаннӣ сохта мешавад", бунёди он дар минтақаи зилизилахез ва мавҷудияти қишри намакӣ дар бистараш ҳаёти зиёда аз 700 нуқоти маскуниро дар Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистон зери хатар мегузорад.

Даъвогарон тарҳи Роғунро нақзи ҳуқуқи мардуми кишварҳои поёноб номида, афзудаанд, бунёди он ва махсусан 7-8 соле, ки барои пур кардани обанбори Роғун аз об ҳаёти ин мардумро ба фоҷиа рӯбарӯ хоҳад кард. Натиҷагирии фаъолони Узбакистон, ки ба навиштаи худашон, аз 100 созмони ғайридавлатии экологиии ин кишвар намояндагӣ мекунанд, ин аст, ки Роғун набояд сохта шавад ва шикояти онҳо он аст, ки гӯё Бонки Ҷаҳонӣ ба тарви якҷониба бо Тоҷикистон вориди ҳамкорӣ шуда, талош дорад, ин тарҳро мусбат хонад ва ба он сармоягузорӣ кунад.

Вале Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ ва Гурӯҳи бозрасии он ин иттиҳомотро рад карда, гуфтаанд, "таҳдидҳои эҳтимолие, ки намояндагони Узбакистон зикр кардаанд, аз бунёди нерӯгоҳи Роғун маншаъ мегиранд ва на аз Барномаи омӯзиши фаннии ин тарҳ, ки Бонки Ҷаҳонӣ мехоҳад, сармоягузорӣ кунад ва бонк дар гузашта чунин шикояту дархост аз онҳо нагирифтааст."

Шӯро ва ҳайат мувофиқат кардаанд, ки тарҳи Роғун дар замони Шӯравӣ таҳия гашта, ва бояд бо назардошти вазъи имрӯза бозбинӣ шавад. Бонк иқрор мекунад, ки бунёди нерӯгоҳ ба кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистону Қазоқистон ва ҳамчунон Афғонистону Қирғизистон низ таъсир дорад. Дар изҳорот ҳамчунин аз пайомадҳои мусбати ин тарҳ, аз ҷумла ҳалли бисёре аз мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон ва экспорти энержӣ ба кишварҳои ҳамсоя ёдоварӣ шуда, омадааст, ки ҳадафи Бонки Ҷаҳонӣ омӯзиши тамоми ҷанбаъҳои марбут ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст.

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ ва Гурӯҳи бозрасони он гуфтаанд, радди шикояти намояндагони Узбакистон чунин маънӣ нахоҳад дошт, ки бонк нигаронии онҳоро беасос мешуморад ва ё дар пажӯҳишҳои худ ба эътибор нахоҳад гирифт. Дар изҳорот гуфта мешавад, фиристодагони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 4-уми августи соли 2010 бо муаллифони шикоят ва ҳамчунин ноиби аввали сарвазири Узбакистон мулоқот карданд. Онҳо ҳамчунин бо мардуми маҳаллӣ дар ҳавзаи баҳри Арал ва вилояти Сурхондарё дидору гуфтугӯ доштанд.

Экологи тоҷик Алихон Латифӣ мегӯяд, номаву конфаронсҳои байнулмилалии Узбакистон ба рӯшану дақиқ кардани масъала нигаронида нашудаанд. Вай ба ёд овард, ки тирамоҳи соли гузашта, узви порлумон ва раиси созмони "Ҷунбиши муҳити зисти Узбакистон", Борӣ Алихонов дар Тошканд як конфаронс баргузор кард, аммо намояндагони Тоҷикистону Қирғизистонро ба он даъват накард ва вакилони Қирғизистонро, ки бе даъват омада буданд, ба толори нишаст роҳ надод. Ҳадаф асосан кишварҳои ғарбӣ ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ буданд.

Вай меафзояд: "Сипас, онҳо намояндагони хориҷиро ба Арал бурданд. Дар ҳақиқат Арал фоҷиаи экологист. Онҳо гуфтанд, агар Роғун сохта шавад, Арал аз байн меравад. Хориҷиён суол карданд, ки ҳоло Роғун сохта нашудааст, аммо чаро Арал чунин аст? Хулоса, экологҳои Узбакистон аслан дар ғами экология нестанд. Онҳо экологияро танҳо барои мубориза бо бунёди Роғун ва рушди Тоҷикистон суистифода мекунанд."

Ҳамон вақт ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ба маҳалли бунёди нерӯгоҳи Роғун низ сафар кард ва бо ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон мулоқот намуд. Масъалаҳои марбут ба тарҳи Роғун инчунин дар ҷаласаи муштараки Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул дар Вошингтон, 8-уми октябри соли 2010 баррасӣ шуд.

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ ва Гурӯҳи бозрасони он гуфтаанд, аз он нигаронанд, ки тарҳи иқтисодие, ки метавонад, ба ҳамаи кишварҳои минтақа фоида оварад, дар фазои душвори муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳам афзоиши миллатгароӣ дар минтақа баҳсу баррасӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG