Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ният доранд, ки ваколатдори ҳуқуқи кӯдакро таъсис диҳанд.

Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, зарурати таъсиси чунин як ниҳодро ба шиддат гирифтани масоили нақзи ҳуқуқи кӯдак марбут донист.

Омбудсмен гуфт, дар пайи аз ҳам пошидани хонаводаҳо, ҳуқуқи кӯдакон нақз мегардад ва бидуни ба инобат гирифтани розигии кӯдакон, онҳо ба як тараф мемонанд ва вазъи модӣ ва маънавии онҳо ба ҳам мехӯрад.

Ҷаноби Ализода афзуд, "баҳси ин ки фарзандон бо кӣ бошанд: падар ё модар зиёд шудааанд. Мушкилот бисёр аст, дар оянда кӯшиш мекунем, ки роҳи ҳалли ин масъалаҳоро пайдо кунем, бахусус дар мавриди ҷавонон ва кӯдакон."

Ба таъкиди омбудсмени тоҷик, кӯдаконе, ки волидони онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд ба вазъияти мушкиле рӯ ба рӯ шуда, сарнавишти минбаъдаи онҳо норӯшан боқӣ мемонад.

Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон
Гузашта аз ин, сол то сол азҳампошии хонаводаҳо шиддат мегирад, ки ин вазъ ҳам ба бад шудани ҳуқуқи кӯдакон оварда мерасонад. Ба ин далел, Зариф Ализода таҳияи барномаҳои вижа барои боло бурдани ҳуқуқи кӯдакон ва ҳимояти онҳоро як амри зарурӣ хонд.

Кӯдакони бепарастор

Аҳлиддин 10 сол дорад ва пас аз он ки волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд, ӯ бо ду хоҳару як бародараш бо модари худ мондаанд. Аҳлиддин мегӯяд, вақте падар онҳоро аз манзил ронд, ба хонаи бобои модариаш омаданд.

Аммо, баъд аз ду сол модараш ба Русия рафта, то имрӯз бедарак аст. Вай мегӯяд, аз падар ҳеҷ кӯмаке намегиранд: "Бобом дар фермаи мурғҳо кор мекунад. Дар як моҳ 75 сомонӣ мегирад ва модарбузургам барои мо маводи ғизоӣ мехарад."

Райҳона Ҳақбердиева, раҳбари созмони "Дилафрӯз" мегӯяд, солҳои охир мушкилоти атфол дар кишвар боз ҳам печида шуда, дар пайи густариши муҳоҷирати мардон, садҳо кӯдак бе падар мондаанд.

Вай мегӯяд, модарон дар танҳоӣ аз ӯҳдаи тарбия ва таъмин намудани шароити маишии кӯдакон намебароянд. Афзун бар ин, мардон низ кӯдаконро бо модарон мегузоранд ва ҳатто аз додани алимент ё нафақаи фарзандон, сарпечӣ мекунанд.

Аммо ба таъкиди Райҳона Ҳақбердиева, раҳбари созмони ғайридавлатии "Дилафрӯз", ниҳоди ҷудогонае нест, то ин масъаларо ба баррасӣ бигирад ва аз ҳаққи кӯдакон ҳимоят бикунад: "Дар аксар ҳолат кӯдакон бо модарон мемонанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ, вазъияти вазнин доранд. Аммо падарон парвое надоранд. Модарон ба мо дар ин масъала бисёр муроҷиат мекунанд."

Аз масъулият шона холӣ мекунанд?
Ҳамарӯза аз хиёбонҳо даҳҳо кӯдакони оворагарду бесаробонро боздошт мекунем, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем, аммо боз ҳам теъдодашон зиёд мешавад. ...


Манзура, модари як кӯдак, яке аз садҳо зани тоҷик аст, ки имрӯз бидуни алименти шавҳар писари ягонаашро тарбия мекунад. Зеро ба гуфтаи хонум Манзура, баъд аз никоҳи шариатӣ ва хонадоршавӣ ҳарчанд талош кардааст, ки аз ақди никоҳ гузаранд, аммо шавҳар инро зарур надонистааст: "Ман хостам, ки ҳуқуқи падарии ӯро таъйин кунам ва алимент гирам, аммо ба Русия рафта дигар наомад."

Манзура мегӯяд, чандон боварӣ надорад, ки дар сурати таъсиси омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак, расидагии сареъ ба мушкили кӯдакон сурат гирад. Зеро ба таъкиди вай, омбудсмени феълӣ то ҳол нақши таъсиргузор дар иҷрои вазифаҳо ва рисолатҳои худ нишон надодааст.

Нақши камранги Омбудсмен дар Тоҷикистон

Наргис Катаева, корманди яке аз ниҳодҳои интизомии кор бо кӯдакон мегӯяд, танҳо чанд шӯъбае дар назди Кумитаи кор бо занон, Кумитаи кор бо ҷавонон, Созмонҳои байналмилалӣ ва шӯъбаҳои алоҳида дар назди Вазорати корҳои дохилӣ, кофӣ нест.

Вай гуфт, "мо ҳамарӯза аз хиёбонҳо даҳҳо кӯдакони оворагарду бесаробонро боздошт мекунем, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем, аммо боз ҳам теъдодашон зиёд мешавад. Зеро вазъи бади иқтисодӣ ва иҷтимоӣ камари оилаҳои солимро ҳам шикастааст ва бори сахти шонаи модарони танҳо мондааст."

Зарурати таъсиси ниҳоди алоҳидаи ҳуқуқи кӯдакон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки аз аз таъсиси омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон як сол сипарӣ мешавад.

Бархе аз коршиносон фаъолияти яксолаи ин ниҳодро камранг арзёбӣ кардаанд. Аммо Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик бо ин ҳам мӯътақид аст, ки дар сурати ташкил шудани ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, он дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон муваффақ ҳоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG