Пайвандҳои дастрасӣ

Ман як қурбонии, ба истилоҳ “траффик” ё хариду фурӯши инсон ҳастам ва бо умедвории он ки тақдири талх ва иштибоҳи ман барои духтарони дигар дарс шавад, мехоҳам, шарҳи ҳол кунам.

Аввалҳои солҳои 2000-ум буд. Нав мактабро хатм кардаму маро ба шавҳар доданд. Зиндагиамон пеш нарафт. Чанде нагузашту шавҳарам маро талоқ дод ва зани дигар гирифт. Азбаски шавҳари собиқам бо мо дар ҳамсоягӣ мезист, “набинаму насӯзам” гуфта, хонаи хешу табор ва баъдан манзили дугонаҳои навамро маскан кардам. Орзуи ягонаам ҳамин буд, ки хонаи худамро дошта бошам.

Бо чанд духтаре дугона шудам, ки аз ман калонтар буданд ва зиндагии озоде доштанд. Бо онҳо ба дискотекаву меҳмониҳое мерафтам, ки бештари вақт шабона доир мешуданд.

Рӯзе як дугонаам пурсид, ки мехоҳӣ, ба хориҷа рафта кор карда омада барои худат хона бихарӣ? Гуфтам, мехоҳам. Пурсидам, ки чӣ кор аст? Гуфт, “нянкагӣ”, яъне кӯдакбонӣ. Ду рӯз баъдаш ҳамон дугонаам бо хурсандӣ омада хабар дод, ки масъалаи сафари маро ба хориҷа ҳал кардааст ва бояд маро бурда шинос кунад.

Мо ба як хона дар маркази Душанбе рафтем. Зани хушрӯву хушлибосе моро пешвоз гирифт ва фармуд ки куртаамро боло бардорам. Ман чунин кардам. Вай тамоми бадани маро аз назар гузаронду гуфт: «Мешавад!» ва миқдоре пул ба дастам дод, ки барои шиносномаи хориҷӣ акс бигирам ва ба он дугонаам амр дод, ки маро ҳамроҳӣ кунад. Ман ҳайрон шудам, ки чаро чизи дигаре аз ман напурсиданд? Дили ман аз фараҳ мешукуфт, ки ба хориҷа меравам ва соҳиби даромади хуб мешавам.

Баъд аз як ҳафта маро аз хонаи як хешовандамон пайдо карданду гуфтанд, ҳамин рӯз ба Хуҷанд меравем ва аз онҷо -- ба Дубай. Маро имкону вақте надоданд, ки бо наздиконам хайрухуш кунам. Дар моҳи ноябр, ки ҳаво сард буд, маро бо ҳамон либоси тунуки хонагӣ ҳамроҳ бо 7 духтари дигар ба Хуҷанд бурданд. Ба мо либосҳои дигар пӯшонида, ба Дубай бурданд. Вақте шиносномаи хориҷиамро дидам, ҳуш аз сарам парид. Синнамро 10 сол калонтар навишта буданд. Ва маро тарсу ҳарос фаро гирифт ва бовар доштам, ки дар фурудгоҳ паспорти дурӯғини маро пай бурда, ҳатман боздошт мекунанду маро пас мегардонанд. Аммо чунин нашуд. Касе на пурсиду на кордор шуд. Озодонаву бе ягон монеа моро ба ҳавопаймо савор карданд.

Мани ҷавон ва бесаводу бетаҷриба бо ҳама ҳамин чизҳое, бо чашми худам дидам, ҳанӯзам дар олами хаёлу орзуҳо парвоз ва бовар доштам, ки рафта, кӯдакбонӣ мекунаму пули бисёр ҷамъ карда, ҳам ба хонаводаи камбағалам кӯмак мекунам ва ҳам барои худам хонае харида, беминнат зиндагӣ мекунам. Вале ҳайҳот, ки надонистам, ин ҳама фиреб будаасту найранг. Ҳамааш айби худам буд, ман аз касе гила надорам. Агар каме ақламро кор мефармудам, ба чунин балое, ки акнун шояд тамоми умри боқии маро ҳаром кардааст, гирифтор намешудам.

Ҳангоми аз ҳавопаймо фуромадан ба дасти мо яктогӣ ҷорӯб доданд. Ман баъдтар фаҳмидам, ин як навъ, ба истилоҳ, парол ё аломате будааст, ки тавассути он моро даллолаҳо (мама-розаҳо) мешинохтаанд.

Моро пешвоз гирифта, ба як хонаи зебову барҳаво бурданд, ки аз чанд ошёна ва ресторану ҳуҷраҳои бисёре иборат буд. Он ҷо ману як духтари дигарро мондаву дигаронро ба дигар ҷоҳо тақсим карданд. Мамарозаи ман бо шаҳвараш маро пешвоз гирифтанд. Аввалин коре ки карданд ин буд, ки шиносномаамро аз дастам гирифтанд.

Нахустин шаллоқе ки аз даллолаам хӯрдам, вақте буд, ки маро ба бозор бурда, либосҳои бозу шаҳватангез хариду фармуд, ки онҳоро пӯшам, вале ман розӣ нашудам. Ӯ бо ин шаллоқ, ба гуфтаи мардум, алови чашмамро гирифт ва дигар ягон саркашиву эътироз накардам. Сипас ба рӯям ба истилоҳ дари ҷаҳаннам боз шуду даромадам. Азобу шиканҷаҳое кашидам, ки на ба гуфтан рост меояду на ба шунидан. Клиентҳо ҳақ доштанд, бо мо чӣ коре, ки далшон мехоҳад, бикунанд.

Шабҳое буд, ки камаш бо 12 ва зиёдаш бо 20 нафар ҳамхоба мешудам. Мардҳои синну сол ва миллатҳои хархела, арабам буду ҳиндуаму афғонаму туркаму, эронӣ ҳам. Боз рӯзҳое буд, маро бо дигар духтарони озариву узбаку тоҷикон, ба меҳмонхонаҳои марказиву бонуфуз мебурданд. Аз клиентҳо пулро фақат гирифтанамро медонистам. Даллола пулро аз дастамон мегирифту моро бо клиентҳо ба ҳуҷраҳои хилват мефиристод. Як амалиёте доштанд, ки даллолаҳо аз миёни мо интихоб карда нафаронеро ҳар моҳ як бор бурда, ҷарроҳӣ намуда, гуё духтари бокира карда ба шайхҳои сарватманд ба ивази 20 000 доллар мефурӯхтанд. Ва ин пулро 4 кас тақсим мекарданд.

Аз миёни клиентҳо як марди араб бо ман муомилаи хуб мекард. Вай маро баъзан ба хонааш мебурд. Аз вай ҳомиладор шудаву кӯдак таваллуд кардам. Вақте даъво кардам, ки кӯдакамро гирифта, ба ватанам бармегардам, вай кӯдакамро, ки 7-моҳа буд, аз ман кашида гирифту худамро ба полис супорид. Дар се моҳи зиндон чӣ азобҳое аз сар гузарондам, худам медонаму он Худо, ки маро халқ кардааст.

Бо кӯмаки як шиносам ва консули Тоҷикистон аз зиндон озод шудаву бо мадади Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ба ватан баргаштам. Ман бо ҳисобе ки худам кардаам, дар ин шаш соли ғуломӣ, даллолаи ман аз ҳисоби танфурӯшии ман қариб ним миллион доллар фоида ба даст овардааст, вале ман бо 20 доллар аз Дубай ба Душанбе баргаштам.бале ана ҳмин 20 доллар баивази азобу шиканҷаҳо ва зарбаҳои пай дар пайи равонӣ ва ҷисмонӣ дар тули 6 сол.

Дар баробари ҳамаи ин таҳқиру азобҳое ки дидам чизе ки куллан маро аз одаму олам дилсард кард ҳамин буд,ки барои пулу сарват ҳамватанони ман ба чи разилиҳое даст мезананд,ки боварат намояд.ки онҳо инсон бошанд.ҳамеша як суол дар срам чарх мезад,ки агар ба ҷои ман хоҳар ё фарзанзанди онҳо мебуд,чӣ кор мекарданд?Ва аз худо мехоҳам, ки ҳамаи онҳоро худаш ба ғазабаш гирифтор кунад,

Сангинтарин лаҳзаҳо ва сахтарин азоби руҳи боз бароям дар фурудгоҳи Душанбе рух дод, ки ба ҷойи пайвандонам, ки дилам ба ёдашон гум мезаду хоҳиши худамро ба оғӯши модарам андохтану аз таҳти дил гиря кардан, гулӯямро фишор медод. Ба ҷои пайвандонам маро ду милиса ва як корманди амният пешвоз гирифтанду азобу шиканҷа, таҳқир ва боспурсиҳои беохир сар шуданд, ки аз азоби солҳои ғуломӣ дар кишвари бегона камтар набуданд.

Бо исрори мақомот ману боз чанд духтари дигари фиребхӯрда ариза навишта, ба додгоҳ аз болои мама-розае, ки моро аз ин ҷо фиристода буд, шикоят бурдем. Парванда боз шуд, аз давутозу даъватҳову бозпурсиҳои беохир ба ҷон расидем, вале даллоларо, ки қарор буд 10 сол аз озодӣ маҳрум мекарданд, аз сари суд ҷавоб доданд, то имрӯз барои ман муаммо аст.

Бо кӯмаки нафарони Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, то андозае вазъи саломатии ҷисмониву равониам барқарор шуд. Таҳсил кардам. Забон англисӣ компютеру интернетро омӯхтам ва ҳоло ин созмон барои ёфтани ҷои кори муносиб низ мадад расонд. Шавҳар кардаму фарзанддор шудам. Ҳарчанд бароям шикастани ҳолати рухии худ, ки тамоми мардҳо ва муносибати ҷинсӣ бароям нафратовару риққатовар буд, хеле сангин буд.Вале вазъият маро маҷбур кард ва илоҷе ба ҷуз ин надоштам.

Ҳарчанд муддате аз миён гузаштаасту гӯё ба худ омадаам, ҳанӯз ҳам бо шунидани номи Дубай ва ё шайху араб, пайкарамро ларза мегирад, вале хоставу нахоста, хаёлот ва дилгарониҳо маро ҷониби он кишвар мебаранд, чунки як ҳиссаи диламро ҳамроҳ бо ҷавониву орзуҳои барбодрафтаам дар Дубай мондаам, ки он ҳам бошад ҷигарбандам, фарзандам ҳаст ва ба ёди ӯ ашкҳое рехтаву азобҳои зиндаҷудиҳоямро танҳо бистар шоҳид асту халос. Ба касе дил кушода наметавонам. Аз нигоҳи одамон ва таънаи мардум ҳамеша даргурезам. Эй кош, ақли ҳозираам мебуд, ки ба бурдаи нони қоқ қаноат мекардаму ҳаргиз орзуи дороиву ҳавои мулки бегона намекардам.

Маҳина (номи тағйирхӯрда), сокини шаҳри Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG