Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуланд сафираш дар Теҳронро ба кишвар бозхонд


Ҳуланд сафири худ дар Эронро барои машварат ба кишвар бозхондааст. Аз ин иқдом дар робита ба эъдоми зане кор гирифта шудааст, ки душаҳрвандии Ҳуланд ва Эронро дорад. Намояндаи вазорати умури хориҷии Ҳуланд хабар дод, ки сафир рӯзи панҷшанбе ба Гаага бармегардад. Ҳамзамон сафири Эрон дар Ҳуланд дар робита ба ин ҳукми эъдом ба вазорати умури хориҷии Ҳуланд даъват хоҳад шуд.
Гаага робитаҳои дипломатияшро бо Теҳрон баъди он мутаваққиф кард, ки моҳи гузашта Заҳро Баҳромии 45-сола ба дор овехта шуд. Ӯ барои қочоқи маводи мухаддир ба марг маҳкум гардид ва аммо пайвандонаш мегӯянд, ки парванда ҷаҳлӣ буда, хонум Баҳромӣ барои ширкат дар тазоҳуроти зиддиҳукуматии соли 2009 эъдом шудааст.
XS
SM
MD
LG