Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Ассанҷ аз сар гирифта мешавад


Муассиси сомонаи интернетии “Викиликс” Ҷулиан Ассанҷ имрӯз дар мурофиаи додгоҳӣ дар Лондон аз ҳаққи худ барои дар қаламрави Бритониё боқӣ мондан дифоъ хоҳад кард. Дар мурофиа дархости Стокҳолм барои истирдоди Эссанҷ ба Шветсия баррасӣ мешавад. Мақомоти Шветсия муассиси “Викиликс”-ро дар дастдарозӣ ва таҷовуз ба номуси ду зан айбдор мекунанд. Ба гуфтаи вакилони дифоъи Ассанҷ дар Лондон, барои истирдоди ӯ зарурате нест, зеро алайҳи Ассанҷ иттиҳоми расмӣ эълон нашудааст ва ӯ барои посух додан ба суолҳои мақомоти тафтишотӣ изҳори омодагӣ кардааст.
Вакилони дифоъ аз он нигаронанд, ки баъд аз истирдод ба Шветсия муассиси “Викиликс” ба Амрико интиқол меёбад – Вошингтон Ассанҷро дар ифшои ҳазорон асноди сиррӣ муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG