Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми Ҷопон хостори бозгардони ҷазираҳои Курил шуд


Дар як гирдиҳамоӣ дар Токио аз Русия тақозо шуд, ки чанд ҷазираи Курили ҷанубиро ба Ҷопон баргардонад. Ин ҷазираҳоро Ҷопон “қаламрави шимоли”-и худ мехонад. Ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ, ки ба он сарвазири Ҷопон Наото Кан сарварӣ мекард, ба сафарҳои ахири намояндагони воломақоми ҳукумати Русия ба ҷазираҳои Курил эътироз карданд. Дар ин намоиши эътирозӣ тақрибан якуним ҳазор нафар ширкат доштанд.
Ҳамасола 7 феврал дар Ҷопон рӯзи қаламрави шимолӣ таҷлил мешавад. Имрӯз намояндагони як ҳизби ростгарои Ҷопон бо парчами пора-пораву таҳқиршудаи Русия дар канори сафорати Русия дар Токио ҷамъ омада, хостори бозгардони ҷазираҳои Курил шуданд.
XS
SM
MD
LG