Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: Латукӯби сардабири "Наҷот" таҳқиқ мешавад


Ҳикматулло Сайфуллозода дар бемористони "Қарияи Боло"

Ҳикматулло Сайфуллозода дар бемористони "Қарияи Боло"

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодисаи латукӯби узви фаъоли ҲНИТ ва сардабири "Наҷот" пардохтааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи афроди ношинос ба сардабири нашрияи ин ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозодаро "сӯиқасд ба ҷони ӯ" ва "кӯшиши тарс додани фаъолони ҲНИТ" арзёбӣ кард.

"Сӯиқасд буд"

Масъулони ин ҳизб аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хостаанд, ки шахсияти ҳамлаварон ба ҷони узви фаъоли ин ҳизбро ошкор ва онҳоро ба муҷозот бикашанд.
Ду нафар ӯро бо чӯбдаставу мушту лагад мавриди латукӯб қарор медиҳанд...


Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот" ва узви раёсати олии ҲНИТ, субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома, тақрибан дар наздикиҳои манзили худ, ба таври ғайримунтазира дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст. Ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона меоранд.

Замоне ки ба "Қарияи Боло"-и пойтахт рафтем, Ҳикматулло Сайфуллозода бистарӣ буд ва бар асари дард ҳаракат намекард. Яке аз наздикони ӯ, ки болои сараш истода буд, гуфт, бештар дар ноҳияи сараш зарбаҳои сангин задаанд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" дар мавриди чӣ гуна дучори афроди ҳамлавар шудани Сайфуллозода гуфт, "як нафари ношинос бидуни ҳеҷ огоҳӣ садди роҳаш шуда, ба ӯ саломуалейк мегӯяд ва таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб мекунад. Ду нафари дигар ӯро бо чӯбдаставу мушту лагад мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Ин сӯиқасд аст."

Барои изҳори назар ё барои фаъолияти ҳизбӣ?

Яке аз ҳамсоягони Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, дар роҳ ба сӯйи мағоза тани нимҷони нафареро мебинад, ки дар лаби ҷӯйбор беҳуш хобидааст. Вай гуфт, вақте наздиктар меояд мешиносад, ки ҳамсояаш Сайфуллозода аст.

Ин ки чаро Ҳикматулло Сайфуллозода мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ҳанӯз фарзияи мушаххасе дар даст нест.

Бархе аз намояндагони ҲНИТ мегӯянд, шояд ба хотири изҳори назарҳои ӯ дар мавриди вазъи сиёсии дохил ва хориҷи Тоҷикистон буд, ки сардабири "Наҷот" мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Бархеи дигар ба ин назаранд, ки шояд гурӯҳҳои муайян мехоҳанд бо роҳи латукӯб "алови чашм"-и аъзои фаъол ва ҳатто роҳбарони ҲНИТ-ро бигиранд.

Сайидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, ба ин назар аст: "Фикр мекунам, ин амал аз тарафи идораҳои муайян танзим шудааст, ки қасд доранд фаъолон ва раҳбарони муҳими Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро битарсонанд."

ВКД таҳқиқ мекунад


Аммо ба сурати умум ҳам намояндагони ин ҳизб ва ҳам таҳлилгарону рӯзноманигорон интизори натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти гурӯҳи кормандони Вазорати умури дохилӣ мебошанд.

Навбатдори Вазорати умури дохилӣ полковники милиса Икромиддин Ҳотамов гуфт, як гурӯҳи махсуси Вазорати умури дохилӣ ҳодисаи мазкурро дар ҷои ҳодиса таҳқиқ доранд.

"Ба таври дақиқ мо намедонем, ки чӣ шудааст. Вале як гурӯҳ ҳодисаи латукӯб шудани журналистро таҳқиқ мекунанд. Журналист аз хонааш мебарояд ва ду нафар ӯро дар назди манзилаш латукӯб кардаанд. Ҳар тозагие, ки пеш омад мо ба вазир гузориш медиҳем",-афзуд ҷаноби Ҳотомов.

Дар ҳоли ҳозир ҷараёни таҳқиқи ҳодисаи латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозодаро шахсан вазири умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров назорат мебарад.

Аммо то кунун Вазорати умури дохилӣ дар робита ба ин воқеа фарзияе пешинҳод накардааст ва ҳанӯз парванда ҳам боз нанамудааст.

ҲХДТ: "Амали таассуфангез"

Ҳикматулло Сайфуллозода пас аз чанд соати латукӯб дар беморхонаи "Қарияи Боло"
Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раҳбарияти онро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, ҳодисаи латукӯби узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозодаро "як амали таассуфангез" ном бурда ин амалро маҳкум намуд.

Усмон Солеҳ, масъули шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ гуфт: "Мо ин ҳодисаро маҳкум мекунем. Бо роҳи зӯрӣ, латукӯб ё фишор ҳал кардани масъала роҳи дуруст нест. Мо то анҷоми таҳқиқоти ниҳодҳои интизомӣ интизор мешавем, ки сабаби аслии ин амал чӣ аст. Вале бо сардабири нашрияи "Наҷот" нашрияи як ҳизб чунин рафтор намудан ҷои тааасуф аст."

Ба қавли намояндагони ҲНИТ, дар гузаштаи начандон дур, ба вижа пас аз интихоботи моҳи феврали соли 2010, боздошту ба додгоҳ кашидани аъзои ин ҳизб дар Хатлон, Суғд ва Бадахшон бисёр рух додааст, аммо латукӯб шудани узви фаъоли он ҳодисаи нахустин будааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсти олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, дар соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи "Наҷот", нашрияи расмии ин ҳизбро ба ӯҳда гирифт. Вай дар маркази таҳлилии "Диалог" дар Душанбе кор карда, дар расонаҳо бештар ба унвони таҳлилгари масоили сиёсӣ ва динӣ сӯҳбат мекунад.

Ҷаноби Сайфуллозода дар як ҳафтаи ахир бештар дар бораи навори Алии Бедакӣ, таҳаввулоти Миср ва раҳбарони худкома андешаҳои худро ироа карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG