Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти мармузи раиси бахши амнияти ВКД Тоҷикистон


Меҳмонхонаи "Тавҳид" дар маркази шаҳри Хуҷанд
Меҳмонхонаи "Тавҳид" дар маркази шаҳри Хуҷанд

Мақомот мегӯянд, полковники милиса Саъдулло Пиров дар сафаре ба Хуҷанд аз сактаи дил даргузаштааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, раиси бахши амнияти ин вазорат полковник Саъдулло Пиров бо маъмурияти корӣ дар Хуҷанд ба сар мебурд ва дар меҳмонхонаи "Тавҳид" қарор дошт.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ҷузъиёти бештареро дар ин бора ироа накард.



Аммо марги полковник Саъдулло Пиров фарзия ва ё ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Хуҷанд дар тӯли панҷ моҳи гузашта мавриди таваҷҷӯҳ қарор дошт ва моҳи сентбяр дар ин ҷо нахустин ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифта буд.

Ҳамчунин мақомот гуфтанд, ки дар моҳи январ дар Хуҷанд аз вуқӯи ду инфиҷор дар назди бинои Идораи амнияти вилояти Суғд ва раёсати корҳои дохилӣ ҷилавгирӣ кардаанд.

Бо ин вуҷул, масъулони меҳмонхонаи "Тавҳид" аз ироаи ҷузъиёти марги Саъдулло Пиров, ки дар ҳамин меҳмонхона иттифоқ афтодааст, худдорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, мақомот огоҳашон кардаанд, ки дар ин бора бо ҳеҷ кас ҳарфе назананд.

Мудири меҳмонсарои "Тавҳид" гуфт, ба вай таъкид шудааст, ки агар касе мехоҳад, дар бораи марги ҷаноби Пиров иттилоъ бигирад, ба сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Аммо афроди огоҳ аз ин қазия мегӯянд, ҷисми беҷони полковник Саъдулло Пиров субҳи рӯзи 5-уми феврал дар меҳмонхонаи "Тавҳид" дар хонаи рақами 11 аз ҳалқаи дор берун карда шудааст. Гурӯҳе аз ҳамкоронаш субҳ омада, ба хонаи хоби ӯ, ки аз дарун баста буд, ба воситаи тирезаи палкона ё балкони ҳуҷра ворид мешаванд. Гуфта мешавад, ҷасади ӯро аз утоқи дастшӯӣ пайдо кардаанд.

Касе аз мақомоти расмӣ омода нашуд, ин иттилоъро таъйид ё рад кунад. Намояндагони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба даргузашти ҷаноби Пиров аз сактаи дил таъкид мекунанд.

Саъдулло Пиров 19-уми марти соли 1950 ба дунё омада, аз соли 1979 дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 1994 дар дастгоҳи марзказии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор омада, сар аз соли 2009 ба ин сӯ, раёсати амнияти дохилии ин вазоратро ба ӯҳда доштааст.

Гуфта мешавад, маросими ҷанозаи полковник Саъдулло Пиров дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG