Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Миср мегӯянд, музокирот боварибахш нест


Гурӯҳҳои мухолифон дар Миср мегӯянд, пешниҳодҳои ҳукумат дар бораи роҳҳои рафъи бӯҳрони сисёсӣ кофӣ нест. Баъд аз рӯзҳо рӯёрӯӣ гурӯҳи мамнӯи Ихвонулмуслимин ва гурӯҳҳои дигар дар музокирот ширкат ҷустанд. Бо вуҷуди ин, тазоҳуркунандагон истеъфои Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Мисрро мехоҳанд. Ҳукумат пешниҳод кардааст, ки дар Қонуни Асосӣ ислоҳот сурат бигирад. Аммо мухоллифон мегӯянд, ки ин кор танҳо қадами аввал аст. Ҷониби ҳукумат мегӯяд, мухолифон розӣ шудаанд, ки як кумита ташкил шавад ва он то ҳафтаи аввали моҳи март пешниҳодҳояшро дар бораи ислоҳот ироа кунад. Дар ин кумита намояндагони мухолифон ва сиёсатмадорон шомил мешаванд. Муҳаммад Бародеӣ, ки дар ин музокирот ширкат надошт, раванди музокиротро "шаффоф" арзёбӣ накард.
XS
SM
MD
LG