Пайвандҳои дастрасӣ

31 шаҳрванди Кореяи Шимолхӣ ба Ҷануб гузаштанд


Бино ба гузоришҳо, 31 нафар шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ дар як киштии моҳигирӣ аз обҳои марзии Баҳри Зард гузашта, худро ба хати муқаддами ҷабҳа ба Кореяи Ҷанубӣ расондаанд. Хабаргузории Ёнҳап аз қавли як мақоми ҳукуматӣ гуфтааст, 11 мард ва 20 зан дар киштии моҳигирӣ рӯзи шанбе ба ҷазираи Йеонпионг расидаанд. Аз поёни ҷанги ду Корея дар солҳои 1950-53 бештар аз 20 000 нафар шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ омададанд.
XS
SM
MD
LG