Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз додгоҳи Британия роҷеъ ба Ассанҷ тасмим мегирад


Имрӯз қозиёни додгоҳи Британия тасмим хоҳанд гирифт, ки Ҷулиан Ассанҷ ба Шветсия истирдод шавад ё хайр. Ассанҷ шахсест, ки дар сомонаи интернетии худ ҳазорон номаи маҳрами кормандони дипломатии Амрикоро чоп кард. Дар Шветсия ду хонум-кормандони ин сомона вайро барои робитаи ҷинсӣ муттаҳам кардаанд. Аммо Ассанҷ ин иддаоро қабул надорад. Вакилони мудофеи Ассанҷ дар додгоҳи Британия талош хоҳанд кард, ки Ҳовард Риддл-қозии додгоҳ дархости Шветсияро дар бораи истирдоди Ассанҷ рад кунад.
XS
SM
MD
LG