Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорони боздоштшудаи Озодӣ Мисрро тарк карданд


Ду хабарнигори боздоштшудаи радиои Озодӣ баъд аз раҳоӣ аз боздошт Мисрро тарк карданд. Роберт Тайт ва Абдуллоҳ Нуёмиро 4-ӯми феврал ба зудӣ баъд аз вуруд ба Қоҳира полис боздошт кард. Онҳо дар роҳ ба маҳали тазоҳурот буданд ва мехостанд аз маҳали тазоҳурот гузориш диҳанд. Роберт Тайт барои бахши ҷаҳонӣ ва Абдуллоҳ Нӯёмӣ барои бахши ироқии радиои Озодӣ кор мекунанд. Ҳар ду шаҳрванди Амрико мебошанд. Бино ба паёми мухтасаре, ки онҳо аз роҳ фиристоданд, вазъи саломатиашон то андозае хуб аст ва мумкин аст, имрӯз вориди Праг- ҷои кори доимии худ шаванд.
XS
SM
MD
LG