Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, Миср ба ақиб барнамегардад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, вай бовар дорад, ки Миср " намехоҳад ба ақиб, ба он нуқтае, ки буд, баргардад" ва ҳоло вақти тағирот фаро расидааст. Дар як мусоҳиба бо телевизиони Fox News Обама гуфт, танҳо Муборак медонад, ки вай дар баробари тазоҳуроти ҳаррӯза чӣ коре мехоҳад бикунад. Вале нуктаи дигар ҳам ошкор аст, ки мисриён интихоботи озоду одилонаро мехоҳанд. Обама гуфт, вай бовар дорад, ки Ихвонулмуслимин танҳо яке аз ҳизбҳои Миср аст ва он дар ҷомеаи Миср аз ҳимояти аксарият бархурдор нест, аммо ҳизби мутташаккил аст ва баъзе аз ақидаҳояш зидди амрикоист. Ҳамзамон Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, замони аз мақом рафтани Муборак ба мисриён иртибот дорад, вале зуд рафтани вай аз мақом метавонад душвориҳои интихоботӣ пеш орад.
XS
SM
MD
LG