Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи се шаҳрванди Амрико дар Теҳрон


Дирӯз дар Теҳрон-пойтахти Эрон паси дарҳои баста мурофиаи додгоҳии се шаҳрванди Амрико баргузор шуд. Онҳо барои ҷосусӣ бар зидди Эрон гунаҳгор дониста мешаванд. Соро Шурд, Ҷош Фатал ва Шоне Байер соли 2009 дар марзи миёни Ироқу Эрон боздошт шуда буданд. Шурд, ки моҳи сентябри соли 2010 бо васиқа раҳо шуда буд ва ба Амрико баргашт, дар мурофиаи додгоҳ ширкат надошт. Масъуд Шафеӣ-вакили мудофеи онҳо дар ин мурофеа гуфт, ҳар се муваккили вай гуноҳе надоранд. Вай ҳамчунин гуфт, ки саломатии боздоштшудагон зоҳиран хуб аст. Ин се нафар барои убури ғайриқонунӣ аз марз гунаҳгор дониста мешаванд, вале мегӯянд, ки агар чунин ҳам шуда бошад, убури марз ғайриогоҳона сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG