Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Миср гуфтанд, музокирот хуб буд, вале бенатиҷа


Гуруҳҳои мухолифони Миср мегӯянд, мулоқот бо Умар Сулаймон-муовини раиси ҷумҳури ин кишвар "хуб" буд, вале чизи муҳиме барои қабули дархостҳои онҳо надошт. Ин музокирот баъд аз 13 рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури ин кишвар баргузор шуд. Тазоҳуркунандагон истеъфои Муборакро тақозо мекунанд. Ҷониби ҳукумат мегӯяд, ҳизбҳо розӣ шудаанд, ки аз ҳисоби қозиёни додгоҳ ва сиёсатмадорон кумитае ташкил шавад ва ин кумита то ҳафтаи аввали моҳи март дар бораи ислоҳот пешниҳодҳои худро ироа кунад. Сарчашмаи мазкур бар ин нукта ишора кардааст, ки Муборак дар сари қудрат боқӣ мемонад, то бар ин тағирот назорат кунад. Аммо тазоҳуркунандагон дар майдони Таҳрир ҳамоно истеъфои Муборакро тақозо мекунанд.
XS
SM
MD
LG