Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Эрон кӯҳнавардонро ба ҷосусӣ айбдор кард


Додгоҳи пушти дарҳои баста дар Теҳрон имрӯз се амрикоиро ба ҷосусӣ алайҳи Эрон айбдор кард. Сара Шоурд, Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал дар тобистони соли 2009 ҳангоми кӯҳнавардӣ дар наздикии марзи Эрону Ироқ дастгир шуданд. Масъуд Шофеъӣ, вакили ин амрикоиҳо ҳанӯз дар оғози мурофиа гуфт, дар сурати ба ҷосусӣ айбдор шудани муваккилонаш ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд. Сара Шоурд, ки моҳи сентябр дар ивази пули гарав раҳо ёфта, ба Амрико баргашт, дар мурофиа ҳузур надошт. Ду тани дигар дар оғози муҳокима иттиҳомоти воридаро ба гардан нагирифтаанд. Онҳо мегӯянд, тасодуфан вориди хоки Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG