Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар обхезиҳои Шри-Ланка


Обхезиҳо дар Шри-Ланка дастикам 11 кушта ба ҷо гузошта, дастикам 250 000 нафарро бехонавудар кардааст.
Боришоти шадид вилоёти шарқу шимол ва бархе манотиқи маркази Шри-Ланкаро барои бори дуввум танҳо дар камтар аз як моҳи охир асобат карда, мояи нигарониҳо дар мавриди имкони сар задани буҳрони башарӣ дар ин кишвар шудааст.
Дар моҳи январ бар асари обхезиҳо дар Шри-Ланка беш аз 40 нафар ҳалок шуда, 20 дарсади заминҳои кишти шолӣ аз байн рафт. Вазири кишоварзии Шри-Ланка гуфтааст, обхезиҳои ахир ба 90 дарсади заминҳои кишти шолӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG