Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Доку Умаров ба Маскав


Фармондеҳи чирикиҳои чечен Доку Умаров дар як навори нави видеоӣ, ки дар Интернет нашр шуд, ҳушдор додааст, ки агар Русия аз Қафқози шимолӣ наравад, онро боз як соли дигари “хун ва таркиш” дар пеш хоҳад буд. Аммо ин навор, ки рӯзи ҷумъа дар kavkazcenter.com, як сомонаи марбут ба чирикиҳои чечен, нашр шуд, ишорае ба таркиши ахир дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав, ки 36 кушта ба ҷо гузошт, надорад. Доку Умарови 46-сола мехоҳад дар заминаи ҷумҳуриҳои тобеъи Русия дар Қафқози шимолӣ як давлати воҳиди мустақил ва таҳти қонунҳои шариат таъсис диҳад.
Русия ду дафъа бо чирикиҳои ҷудоиталаб дар Чеченистон вориди ҷанг шудааст, вале ин минтақа дар солҳои охир бо мавҷи нави хушунатҳои рӯ ба афзоиш рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG