Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози музокирот дар Миср


Намояндагони гурӯҳҳои мухталифи мухолифини Миср, бо шумули ҳизби то ҳол мамнӯъи Ихвонулмуслимин, имрӯз бо ноиби раиси ин ҷумҳурӣ Умар Сулаймон роҳҳои ислоҳотеро, ки 13 рӯз боз эътирозгарон талаб доранд, баҳс кардаанд. Гурӯҳи Муҳаммад Бародаӣ низ дар ин музокирот ширкат дошт.
Ихвонулмуслимин, ки то ҳол ҳар навъ музокирот бо давлати Ҳуснӣ Муборакро радд мекард, гуфт, ба хотири таъмини машрӯъияти худ ва ироаи талабҳо ба мулоқоти Умар Сулаймон меравад. Имрӯз мусалмонон ва масеҳиёни копт дар майдони Таҳрири Қоҳира ба ёди қурбониёни хушунатҳо маросими муштараке барпо карданд.
XS
SM
MD
LG