Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Карзай аз фаъолияти "сохторҳои ҳамсон"


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай фаъолияти “сохторҳои ҳамсон”, аз ҷумла он созмонҳои имдодӣ ва ширкатҳои хусусии амниятиро, ки хориҷ аз қонунҳои кишвараш амал мекунанд, ба боди интиқод кашид. Карзай гуфт, фаъолияти чунин ниҳодҳо талошҳои давлати ӯ дар амри касби тамоми масъулиятҳои амниятиву идорироро заиф мекунад: “Онҳо пеши роҳи рушди идораи умур дар Афғонистонро мегиранд. Онҳо ба як чолиш дар ин роҳ табдил ёфтаанд.”
Карзай дар анҷумани солонаи амниятӣ дар Мюнхени Олмон ҳамчунин эълон кард, таҳвили назорат ба нирӯҳои афғон аз 21 март, яъне аз иди Наврӯз шурӯъ хоҳад шуд.
Ӯ афзуд, имсол мубориза бо фасод дар меҳвари кори мақомоти Кобул қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG