Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистониёни Олмон ҷашнвора баргузор мекунанд


Бинои сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Тоҷикистониёни Олмон мехоҳанд ба ҷашнвораи худ, ки даҳуми сентябр баргузор хоҳад шуд. тоҷиконро аз кишварҳои дигар ба Олмон даъват кунанд.

Яке аз созмондиҳандагони ин ҷашнвора мегӯяд, аз Тоҷикистон низ дар маросим меҳмонони зиёд ҳузур хоҳанд дошт.

Дар охири солҳои 1980-уми қарни гузашта шумораи зиёди олмонитаборони Тоҷикистон ба сарзамини аҷдодии худ ба Олмон кӯч бастанд.

Муҳоҷирати дастаҷамъии онҳо баъди аз миён бардоштани "Девори Олмон" шурӯъ шуд.
Ин ҷашнвора "Чаҳорумин мулоқоти байналмилалии тоҷикистониён дар Олмон" унвон дорад. Ҷашнвора шанбеи дуввуми моҳи сентябр дар шаҳри марказии Олмон - Гиссен баргузор мешавад...


То он дам онҳо дар Тоҷикистон, дар минтақаҳои гуногун, ба сар мебурданд. Бо мардуми тоҷик дӯст шуда буданд ва дар маҳфилҳову тӯйҳояшон ба ҷуз аз мусиқиҳои миллии худ ё русӣ мусиқиҳои тоҷикӣ низ садо медод.

Маросимҳои хурсандии худро бо мардуми маҳали зист якҷо барпо мекарданд ва дар тӯйҳои тоҷикон якҷо мерақсиданду тарона мехонданд. Шояд хумори ҳамин гуна ҳамоишҳои хурсандӣ ва дӯстӣ бо мардуми тоҷик онҳоро дур аз Тоҷикистон дубора ба ёди ин ватани кӯҳистонӣ андохтааст.

Ҷеорҷ Дел, раҳбари ҷамъияти тоҷикистониёни Олмон мегӯяд, онҳо солҳои ахир бо баргузории ҷашнвораи солона ёди Тоҷикистонро зинда медоранд ва дар бораи Тоҷикистон низ таронаҳои зиёд иншо ва иҷро кардаанд:

-Мо дар Олмон ба ҷашнвораи навбатии худ омодагӣ мегирем. Ин ҷашнвора "Чаҳорумин мулоқоти байналмилалии тоҷикистониён дар Олмон" унвон дорад. Ҷашнвора шанбеи дуввуми моҳи сентябр дар шаҳри марказии Олмон дар Гиссен баргузор мешавад. Вуруд ба ин шаҳр аз кишварҳои аврупоӣ хеле муносиб аст. Барои ҳамин, мо Гиссенро маҳали баргузории ҷашнвора интихоб кардем.

Сол то сол ширкаткунандагони ин ҷашнвора афзоиш меёбад. Масалан, соли гузашта танҳо аз Хуҷанд ҳудуди 80 нафар омада буданд. Аз Душанбе омада буданд ва ҳамин гуна аз кишварҳои хориҷии ҳамсоя низ меоянд.

Суол: Чӣ тадобир ба барномаҳои ҷашнвора дохил мешавад?

Ҷеорҷ Делл: Мисли ҳамеша мусиқии миллатҳои мухталифро пешкаш мекунем. Осори ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши тӯҳфаҳои тоҷикӣ, аз қабили пиёла, сарпӯш, ҷома ва амсоли онро омода мекунем. Мо ин ҷо духтароне дорем, ки замоне дар гурӯҳҳои ҳунарии мухталиф дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардаанд. Онҳо ҳоло калонсол шудаанд, вале ҳунари худро, яъне рақсҳои миллии тоҷикиро ба ҷавонон ба насли нав ёд медиҳанд. Онҳо бо либосҳои миллӣ ба ин ҷашнвора хоҳанд омад.

Суол: Шумо ёдоварӣ кардед, ки меҳмононро аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя даъват мекунед. Дарёфти виза ё раводиди Олмон ба онҳо душворӣ пеш нахоҳад овард?

Ҷеорҷ Делл: Дар ин замина мо даъватномаҳои ҳисобшуда дорем. Масалан, соли гузашта мо тавонистем танҳо 300 нафарро даъват кунем. Мо бо одамони худамон дар тамос ҳастем ва мегӯем, ки дар кадом кишварҳо метавон виза гирифт, то ки меҳмони мо шаванд.

Суол: Дар ҷашнвора ғизоҳо ҳам мепазед ва ин ғизоҳоро кӣ омода мекунад?

Ҷеорҷ Делл: Мо мутахассисонро даъват мекунем, пазандаҳоро аз Аврупо, ононе, ки замоне дар Тоҷикистон пазанда будаанд. Онҳо бо худ дегҳои бузургеро, ки мо маъмулан дар Тоҷикистон доштем, ба ин ҷо меоранд. Дар ин гуна дегҳои бузург палави бомазза мепазем.
Хушҳол ҳастем, ки се насл ба меҳмонии мо меояд. Насле, ки замоне аз Тоҷикистон муҳоҷир шуда буд. Мо насли миёна, яъне ҷавонони онрӯза, ки 45-50 сола шудаем. Ва фарзандони мо, ки ба ин ҷашнвора меоянд...


Онҳо манту ва самбӯса ва шӯрбову кабоб мепазанд. Меҳмононро мо гусел намекунем, баъзеҳо то субҳ менишинанд. Чунки баъзеҳо дар Тоҷикистон бо ҳам таҳсил кардаанд, ҳамсоя будаанд, дӯст будаанд. Онҳо бо ҳам сӯҳбат мекунанд. То рафтани охирин меҳмон мо меҳмоннавозиро идома медиҳем. Ғизоҳоро ҳам дар ҷои махсус дар ҳавои боз мепазанд, то ки дар чунин муҳит тавонанд ҳавои кӯҳистони мо, ҳавои Варзобро ба хотир оранд.

Суол: Бубинед, аз замони муҳоҷират тақрибан 20 сол мегузарад. Фикр намекунед, ки оҳиста-оҳиста насли шумо калонсол мешавад, хумори Ватан кам мешавад ва ин анъанаҳо ба фаромӯшӣ меравад?

Ҷеорҷ Делл: Мо хеле хушҳол ҳастем, ки се насл ба меҳмонии мо меоянд. Насле, ки замоне аз Тоҷикистон муҳоҷир шуда буд. Онҳо ҳоло бибиву бобо шудаанд. Мо насли миёна, яъне ҷавонони онрӯза, ки 45-50 сола шудаем. Ҳамаи мо бо хушҳолӣ фарзандонамонро ба ин ҷашнвора меорем. Ба онҳо мегӯем, ки мо дар куҷо ба дунё омадаем.

Гузашта аз ин, наворҳои видеоӣ ҳаст. Ба онҳо нишон медиҳем. Дар ин ҷо онҳо ба истилоҳ ба таври зинда ва бо чашми сар худашон мебинанд. Онҳо бо худашон аз ин ҳадяҳо мегиранд, пиёла, тоқӣ ё чизи дигар. Масалан, онҳо ҳам зира мехаранд ва пӯхтани палавро ёд мегиранд, пӯхтани шӯрбои воқеиро ёд мегиранд. Мебинанд, ки чӣ тарз ин ғизоҳо дар ҳавои боз пӯхта мешаванд. Пазандаҳои мо дар ин рӯз хеле гирифтор хоҳанд буд. Онҳо ҳатто чаҳор ё панҷ бор дар дегҳои бузург палав ё шӯрбо мепазанд, то ҳама лаззат баранд ва фаромушнашуданӣ бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG