Пайвандҳои дастрасӣ

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори телевизиони вилоятии "Хатлон", дар мусобиқаи ҷаҳонии давидан ба масофаи 10 километр рӯи барф миёни устодон, ки 6-уми феврал дар шаҳри Королёви вилояти Маскави Русия баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Вай дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт: “Дар сабқати ҷаҳонӣ бо кӯмаки молиявии раиси вилояти Хатлон ширкат мекунам. Инчунин, маро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо либоси варзишӣ таъмин намуд. Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев бошад, ба ман парчами Тоҷикистон ва либоси миллӣ супурд, ки он ба Осорхонаи марафони кайҳонии шаҳри Королёв тӯҳфа хоҳад шуд.”

Давлаталӣ Шамсови 59-сола соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии "Инсон ва кайҳон" ба муносибати Рӯзи кайҳоннавардон дар шаҳри Королёв ва дар пойгаи кӯҳӣ ба масофаи 10 километр бахшида ба 198-солагии муҳорибаи Бородино дар шаҳри Можаевски Русия мақоми дуввум, дар дави марафонӣ бахшида ба 65-солагии Рӯзи ғалаба бар фашизм дар шаҳри Маскав мақоми севумро касб карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG