Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хабарнигорони Озодӣ дар Миср то ҳол дарак нест


Бо вуҷуди гузашти як шабонарӯз аз замоне ки аз раҳоии ду хабарнигори Радиои Озодӣ аз дафтари пулис дар Қоҳира хабар омад, дигар аз онҳо то ҳол дараке нест.
Роберт Тайтс ва Абдулилоҳ Нуаймӣ рӯзи ҷумъа ба муҷарради расидан ба пойтахти Миср дастгир шуданд.
Ҳарду атбоъи Бритониё буда, ба хотири пайгирии рӯйдодҳои Миср ба Қоҳира эъзом шудаанд. Қаблан як нафаре ки ҳамроҳ бо Тайт ва Нуаймӣ боздошт шуда буд, бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки онҳо дар як маҳалли ношинос нигоҳ дошта мешаванд, вале бархӯрд нисбат ба онҳо хуб аст. Тайт ва Нуаймиро бояд пулис барои бозгашт ба Аврупо то фурудгоҳи Қоҳира мебурд, вале аз замони боздошташон ягон тамоси мустақим бо худи хабарнигорон муяссар нашудааст.
XS
SM
MD
LG