Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари пулис дар Тунис сӯи мардум тир кушодааст


Раҳбари пулиси шаҳри Клефи Тунис болои издиҳоми хашмгин тир кушодааст, ки дар натиҷа дастикам 2 нафар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шудаанд. Волии минтақа Наҷиб Тилиҷалӣ мардумро ба хештандорӣ даъват карда, тавассути радио гуфтааст, ки ин мақоми пулисро ҳабс кардаанд.
Вазорати дохилаи Тунис дар як баёния гуфт, рӯзи дигараш як издиҳоми бағазабомадаи иборат аз ҳудуди 1000 нафар болои дафтари пулис сангу бомбҳои худсохт андохта, ду мошин, бо шумули як мошини пулисро оташ задаанд.
Тунис баъди онки дар таърихи 13 январ раиси ин ҷумҳурӣ Зайналобуддин Бен Алӣ таҳти фишори эътирози мардум пас аз 23 соли раёсат аз кишвар фирор кард, дар панҷаи танишҳо боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG