Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи кӯҳнавардони "ҷосус" дар Эрон шурӯъ мешавад


Додгоҳи се амрикоии ҷавоне, ки ба ҷосусӣ алайҳи Эрон айбдор мешаванд, баъди таъхири тӯлонӣ имрӯз шурӯъ хоҳад шуд. Мурофиаи Сара Шоурд, Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал дар ҳоле оғоз меёбад, ки Эрон аз солигарди навбатии инқилоби исломии соли 1979 таҷлил мекунад.
Эрон тақозои мукаррари Амрико ҷиҳати раҳоии ин кӯҳнавардони дар тобистони соли 2009 дар марзи Ироқу Эрон боздоштшударо радд кард, вале дар моҳи сентябр ба Сара Шоурд иҷозат дод, ки дар ивази 500 000 доллар пули гарав ба Амрико баргардад. Хонум Шоурд акнун ғолибан ғоибона муҳокима хоҳад шуд. Номзади ӯ Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал мегӯянд, ҳангоми кӯҳнавардӣ дар кӯҳистони Ироқ тасодуфан вориди марзи Эрон шудаанд. Теҳрон онҳоро ба ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии қаламраваш айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG