Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори баҳси буҳрони Миср шуд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хостори музокирот бо раҳбарони Олмону Бритониё ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба хотири баҳси вазъи Миср шуд. Ин дар ҳолест, ки эътирозҳо алайҳи ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак дар Миср вориди рӯзи 13-умаш шудааст. Кохи Сафед гуфт, ки Обама ба аҳамияти аз ҳоло оғоз кардани таҳвили муназзам ва сулҳомези қудрат ба ҳукуматеро таъкид кард, ки ҷавобгӯи хостҳои мардуми Миср бошад ва ба музокироти қобили эътимод ва фарогири байни давлат ва мухолифин роҳ кушояд. Бо ин ҳол, дирӯз собиқ ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейнӣ Ҳуснӣ Муборакро ҳамчун муттаҳид ва “дӯсти хуб” тавсиф кардааст.
XS
SM
MD
LG