Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми 129-уми Тоҷикистон аз нигоҳи суръати Интернет


Сомонаи интернетии Net Index дар як раддабандӣ Тоҷикистонро аз лиҳози суръати вуруд ба шабакаи ҷаҳонии Интернет дар байни 168 кишвар дар мақоми 129-ум ҷо додааст. Суръати миёнаи вуруд ба Интернет дар Тоҷикистонро ин торнамо 1,75 мегабайт дар як сония баровард кардааст.
Тоҷикистон аз ин нигоҳ аз ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқ ақиб мондааст.
Мақоми аввалро дар ин сабқат Кореяи ҷанубӣ мегирад, ки суръати вуруд ба Интернет дар ин ҷо 36,56 мегабайт дар як сония ҳисоб шудааст. Яъне 20 маротиба зудтар аз Тоҷикистон.
Мақомҳои охирро дар ин раддабандӣ аз нигоҳи суръати вуруд ба Интернет Замбияву Эрон ва Колумбияву Зимбабве ишғол кардаанд.
XS
SM
MD
LG