Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишор болои Муборак меафзояд


Фишор бо талаби истеъфои билофосилаи раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак ҳам дар дохили ин кишвар ва ҳам аз хориҷ меафзояд.

Ин мавзӯъ дар анҷумани солонаи амниятӣ дар Мюнхени Олмон ҳам як мавзӯъи аввали сӯҳбати раҳбарони ҷаҳон шудааст. Ҳарчанд раисиҷумҳури Амрико Барак Обама батадриҷ худро аз режими ҳокими Миср канор мегирад ва фишори байналмилалӣ бо талаби канор рафтани Муборак низ дар ҳоли афзоиш аст, худи Муборак то ҳол кадом аломате барои истеъфо надодааст. Рӯзи шанбе рӯзи 12-уми эътирозҳои зидди Муборак дар Миср буд. Дар ҳамин рӯз иттифоқан як лӯлаи гази Миср дар шимоли Синай дар наздикии марзи сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза мунфаҷир шуд.

Таркиш дар лӯлаи гази Исроил

Интиқоли газ ба Исроилу Урдун тавассути як лӯлаи газ дар Синайи Миср субҳи шанбе дар Синай бар асари ҳамлаи эҳтимолан барқасдона қатъ шуд. Ин ҳамла дар ҳоле рух дод, ки эътирозҳо алайҳи ҳукумати сисолаи раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак вориди рӯзи 12-ум шуд. Телевизиони Миср “террористон”-и хориҷиро дар гузоштани маводи мунфаҷира дар як истгоҳи назорати ин лӯлаи газ айбдор кард.

Манобеъи наздик ба ширкати масъули назорат бар воридоти гази Исроил мегӯянд, ин таркиш аз лӯлаи асосие, ки ба Исроил мебарад, хеле дуртар рух дода, баръакс ба лӯлае асобат кардааст, ки ба шимоли Урдун мебурд ва аз он ҷо ба шарқи Исроил меомад.

Мақомоти Миср мегӯянд, таркиш як истгоҳи газкаширо, ки ба ҳамлу нақли газ аз шаҳри Ариш, 345-километрии Қоҳира, ба Урдун машғул буд, асобат карда, ба хотири эҳтиёт таҳвили газ тавассути он то анҷоми кори сӯхторнишонҳо қатъ шудааст. Маҳали таркиш тақрибан 70 километр аз Ғаза дуртар аст, вале забонаи оташи онро ҳатто аз он ҷо мушоҳида кардан мумкин будааст.

Ин инфиҷор нигарониҳо дар Исроил пиромуни равобити дарозмуддаташ бо Миср, бузургтарин ҳамкории тиҷоратии Исроил дар Ховари Миёнаро афзоиш дода, боиси бурузи ҳадсу гумонҳо дар бораи пайомадҳои тағйири режими Миср ба амнияти минтақа шудааст.

Ҳуснӣ Муборак рӯзи шанбе бо вазирони бахшҳои иқтисодии ҳукуматаш, аз ҷумла бо сарвазир, раиси Бонки миллӣ ва вузарои молияву нафт ва тиҷорату саноат мулоқот кард. Аммо ӯ ҳамчунон ба талаби эътирозгароне, ки 12 рӯз боз истеъфои ӯро талаб доранд, гардан намедиҳад.

Дувоздаҳ рӯз мисриҳо ҳамчунон дар майдон

Рӯзи ҷумъа бо талаби рафтани Муборак танҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира ҳудуди 300 000 нафар гирди ҳам омаданд. Эътирозҳои рӯзи ҷумъа ба фарқ аз ду рӯзи қаблӣ, бидуни даргириҳои хунин байни тарафдорон ва мухолифини Муборак гузашт.



Аммо субҳи шанбе аз майдони Таҳрир, ки ҳазорон нафар шаби сардро дар иҳотаи тонкҳо дар ин майдон рӯз карданд, дигарбора садои тир баланд шуд. Гирдиҳамоии рӯзи ҷумъа таҳти унвони “Рӯзи халосӣ”(манзур халосӣ аз Муборак) доир шуд. Эътирозҳои рӯзи шанберо “Рӯзи ҳамдилӣ” унвон додаанд ва баргузории намоишҳо дар шаҳрҳои дигари Мисру хориҷ, аз ҷумла Лондону Порис дар назар дошта шудааст.

Дар талоши бурунрафт аз бӯҳрон

Дар Вошингтон Кохи Сафед, бино ба хабарҳо бо намояндагони режими Ҳуснӣ Муборак тарҳеро баррасӣ мекунанд, ки истеъфои билофосилаи ӯ ва таҳвили қудрат ба як ҳукумати давраи гузорро дар бар мегирад. Ин ҳукумат бояд таҳти ҳимояти артиши Миср ва бо раҳбарии Умар Сулаймон, раҳбари собиқи идораи амният, ки ҳафтае пеш ноиби раисиҷумҳур таъйин шуд, ташкил шавад.

Ин ҳукумати давраи гузор бояд билофосила ба ислоҳоти Қонуни асосӣ шурӯъ карда, бо гурӯҳҳои мухолифин, аз ҷумла ҳизби манъшудаи Ихвонулмуслимин ба манзури таҳияи шароит барои як интихоботи озоду одилона дар тирамоҳ вориди музокирот шавад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, тамоми ҷаҳон гӯшу ҳуш ба ҳаводиси Миср додааст. Обама хушунатҳо алайҳи эътирозҳои зиддидавлатиро ҳамчун нақзи ҷиддии “ҳуқуқи инсон, арзишҳои аслӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ” маҳкум кард ва гуфт, умедвор аст, Ҳуснӣ Муборак ба манзури хатми буҳрон “тасмими дуруст” бигирад: “Ояндаи Мисрро бояд худи мардумаш таъйин кунад. Ин ҳам рӯшан аст, ки барои ин давраи гузарише зарур аст, ки бояд аз ҳозир шурӯъ шавад. Гузариш бояд ба раванди эҳтиром ба ҳуқуқи аслии мардуми Миср оғоз гузошта, ба интихоботи озоду одилона бирасонад.”

Эътирозгарон ба истеъфои Муборак исрор доранд

Муборак гуфтааст, ки на ӯ ва на писараш дар интихоботи моҳи сентябр ширкат нахоҳанд ҷуст. Ноиби ӯ Умар Сулаймон ба хотири таъмини шароит барои як интихоботи озод ба тамоми нирӯҳои сиёсӣ пешниҳоди музокирот кардааст. Сулаймон гуфт, ин даъвати ӯ ба раҳбарони эътирозҳо ва ҳамчунин ба мухолифи аслии режим – Ихвонулмуслимин – ирсол шудааст. Ин як аломати муҳимест, ки шояд ба ин гурӯҳи то ҳол мамнӯъ баъди Муборак имкони фаъолияти озоди сиёсиро қоил шаванд.

Аммо эътирозгарон исрор меварзанд, ки Муборак бояд ҳанӯз то оғози чунин музокирот тарки мақом кунад.

Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо низ ба таҳвили сареъи қудрат дар Миср даъват карда, бештари раҳбарони Ғарб дар анҷумани солонаи амниятӣ дар Мюнхени Олмон низ ба зарурати ислоҳоти сареъ ва ҷиддӣ дар Миср ва боқӣ ҷаҳони Араб таъкид кардаанд.
XS
SM
MD
LG