Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сад сол пас аз зилзила дар Сарез


Интишори нахустин маҷаллаи «Мавҷи Сарез» дар Хоруғ, ҳаводиси сад сол қабли пайдоиши кӯл ва шукӯҳи ин мӯъҷизаи табиатро бори дигар дар ёдҳо зинда кард.

Ин маҷалла бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Ояндасоз» ба чоп расида, ҳадафи он мусоидат намудан ба эҳёи зеҳнияти ҳифзи муҳитзистӣ дар байни наврасон ва ҷавонон арзёбӣ мегардад. Муҳаррири маҷалла Мунири Мирфароз гуфт, ки онҳо дар оянда 20 шумораи маҷалларо чоп ва ба макотиб ба таври ройгон тақсим мекунанд.

Ҳазрати Сарез 100 сола шуд

Журналист Гулоси Мамадлоиқ филми мустанди телевизионӣ бо номи «Ҳазрати Сарез» таҳия кардааст, ки аз дидаҳо ва шунидаҳояш нақл мекунад.
Мутахассисон муайян карданд, ки заминларзаи шадиди соли 1911-ум аз рӯи тақвими кӯҳна маҳз таърихи 6-уми феврал ба вуқӯъ пайваста, бар асари он кӯҳпораи азим канда шуда, маҷрои рӯди Мурғобро баст. Дар ҷойи ҷамъшавии об батадриҷ кӯли Сарез, бо бузургтарин захоири оби тозаи ошомидани ба ҳаҷми17 миллиард метрии мукааб арзи вуҷуд кард.

Аммо нахустин касоне, ки баҳори соли 1911-ум ба Сарез сафар карданд, афсарони қароргоҳи марзбонии рус дар Хоруғ ва сайёҳи олмони Шултс буданд. Гуфта мешавад, ки бар асари заминларза 57 нафар зери кӯҳпора монданд, аммо сокинони деҳоти зиёд, ки об ба онҳо таҳдид мекард, ба ҷойҳои бехатар дар ноҳияҳои Шуғнону Рушон кӯчода шуданд.

Барои роҳбаладӣ ва ташкили кӯчодани сокинони таҳти хатар ва муроқибати доими аз болои кӯл, оқсақол Қабул Ниёзов, сокини деҳаи Нисур, ки ба кӯл наздик аст, интихоб шуд. Набераи ӯ Мунир мегӯяд, азбаски бобояш ба забони русӣ гап зада метавонист ва аспсавори моҳир будааст, ба ин хотир ба ҳайси муроқиби доимии кӯл таъин гардид. Хилъат ва ифтихорномаи подшоҳи дар ин хонавода ҳанӯз чун ёдгории нодир нигоҳ дошта мешавад.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати рахнашавии эҳтимолии кӯл, оби он пас аз 22 дақиқа ба деҳаи наздиктарин Барчидев расида, селоби бузург дар роҳи ҳаракат дар тӯли шабонарӯз ба ҳаёти бештар аз 5 миллион сокинони фаромарзии Тоҷикистону Афғонистон ва Узбакистон ва Туркманистон таҳдид мекунад.

Сарез зери "назорат" аст

Аммо дар ҳоле, ки дар кишварҳои Осиёи Маркази баҳс бар сари об торафт тезу тунд мешавад, масъалаи истифодаи захираи бузурги оби тозаи ошомидании Сарез ҳар чӣ бештар матраҳ мешавад. Дар маҷмаи Созмони Милал, президенти кишвар бори дигар истифодаи имконоти Сарезро ба нафъи кишварҳои ҳамсуд таъкид кард.

Даҳсолаҳои ахир барои Сарез маблағҳои ҳангуфт ихтисос дода шуданд. Бинобар иттилоъ, зиёда аз 80 километр роҳ навсозӣ ва 7 километр роҳи нав сохта шудааст, аммо то Сарез ҳанӯз 18 километрро пойи пиёда тай кардан лозим меояд. Маркази муроқибати кӯл дар Сарез бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардид. Ба хотири кам кардани оқибатҳои хатари эҳтимолӣ, дар 22 деҳаи дар роҳи ҳаракати селоб қарор гирифта, дар маҳалли Бартанги ноҳияи Рӯшон шабакаҳои мухобиротии «Кодан» васл карда шуда, нуқтаҳои наҷот таъсис ёфтанд, ки бо маводи кӯмаки авалия ва ғизои хушк таъмин гардиданд.

Нозанини хуфта ва ё аждаҳои хуфта?

Бархе аз мутахассисон Сарезро бинобар хатароти эҳтимоли «аждаҳои хуфта» ва « бомбаи Мурғоб бо пилта даргирифта» унвон мекунанд. Сокинони маҳаллӣ, ки дар гирду атрофи кӯл рама мечаронанд, онро «саркалони думдароз» меноманд. Дар назари бархе, ки Сарезро аз баланди тамошо карданд он нозанин ва ё парии обиеро мемонад, ки дастонашро зери сар гузошта ба хоби ноз рафтааст. Аммо журналист Гулоси Мамадлоиқ мегӯяд, ки тозагӣ, шукӯҳ, табиати нодир, зебоӣ ва дур будан аз маҳалҳои аҳолинишину дар баландии кӯҳҳо маъво гирифтани кӯл боис шудааст, ки бархе аз бинандагон бо таҳайюр аз мӯъҷизаи табиат, онро ғайриихтиёр «Ҳазрати Сарез » ном гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG