Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати раҳбарони Ғарб ба оғози тағйирот дар Миср


Бисёре аз раҳбарони Ғарб аз давлати Миср даъват кардаанд, ба талаби эътирозгарон барои ислоҳот гӯш диҳад. Сарвазири Бритониё Девид Камерон дар анҷумани солонаи амниятӣ дар Мюнхени Олмон гуфт, агар Миср боз ҳам даст ба ислоҳот назанад, ин Мисре хоҳад шуд, ки мо наметавонем аз он истиқбол кунем. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ дар ин ҳамоиш гуфт, тағйирот дар Миср бояд сулҳомез бошад ва набояд эътирозгаронеро, ки ислоҳот дар Мисрро талаб мекунанд, нодида гирифт. Буҳрони Миср дар анҷумани Мюнхен, ки рӯзи ҷумъа оғоз ба кор кард, як мавзӯъи асосӣ шудааст.
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар оғози рӯзи дуввуми ин ҳамоиш фақру тангдастӣ ва ҳамчунин фасод ва камбуди демократияро аз омилҳои бурузи эътирозҳо дар ҷаҳони Араб ном бурд. Дирӯз дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен дар анҷумани Мюнхен ҳушдор дод, ки беназмӣ дар ҷаҳони Араб метавонад низоми ҷаҳониро зери хатари бесуботӣ қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG