Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ маоши худашро 50 дарсад коҳиш дод


Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ гуфт, ними маоши солонаашро ба хазинаи давлат бармегардонад. Ин як иқдоми рамзӣ ба хотири коҳиш додани фарқи бузургест, ки байни қишри сарватманд ва фақири мардум дар Ироқ ба вуҷуд омадааст.
Моликӣ гуфт, “ҳамчун саҳми ман дар амри коҳиш додани фарқи байни маоши кормандони давлатӣ 50 дарсади моҳонаи ман сар аз ҳамин моҳ коҳиш дода хоҳад шуд.”
Ӯ афзуд, ин бояд ба пойин бурдани фарқи меъёрҳои зиндагии байни ақшори мухталифи ҷомиа кумак кунад.
Моликӣ, ки 5 сол боз бар ҳукумати Ироқ раҳбарӣ мекунад, то кунун аз ифшои маблағи маошаш саркашӣ мекард.
Аммо ба бовари Associated Press, маоши Моликӣ дастикам 360 000 долларро дар сол ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG