Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба баҳси таҳвили қудрат дар Миср


Интизор меравад, ноиби раисиҷумҳури Миср Умар Сулаймон рӯзи шанбе бо як гурӯҳи шахсиятҳои маъруф роҳҳои таҳвили қудрат аз раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак ба як маъмурияти давраи гузорро баҳс кунад.
Муборак, ки эътирозгарон қариб 2 ҳафта боз истеъфояшро талаб доранд, гуфт, аз ҳукмронӣ “сер” шудааст, вале метарсад, ки агар ҳозир истеъфо диҳад, Миср ғарқи беназмӣ хоҳад шуд.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аммо изҳори умедворӣ кард, ки Муборак ба манзури хатми буҳрон “тасмими дуруст” хоҳад гирифт: “Ояндаи Мисрро бояд худи мардумаш таъйин кунад. Ин ҳам рӯшан аст, ки барои ин давраи гузарише зарур аст, ки бояд аз ҳозир шурӯъ шавад. Гузариш бояд ба раванди эҳтиром ба ҳуқуқи аслии мардуми Миср оғоз гузошта, ба интихоботи озоду одилона бирасонад.”
Рӯзи ҷумъа садҳо ҳазор аз мухолифини Муборак дар Қоҳираву Искандария ва шаҳрҳои дигар эътирозҳои густардаеро таҳти унвони “Рӯзи халосӣ” барпо карданд.
XS
SM
MD
LG