Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи ислоҳот дар Фарҳангистони улум


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, 10 Пажӯҳишгоҳи Фарҳангистони улуми ин кишвар дар 5 пажӯҳишгоҳ муттаҳид карда шуданд. Ин иқдом дар чаҳорчӯби ислоҳоти сохториву маъмурии Фарҳангистони улум анҷом мешавад. Мамадшоҳ Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф ихтисори танҳо маъмурияти ин пажӯҳишгоҳҳост, вале ягон бахши илмӣ ихтисор нахоҳад шуд.
Тибқи қарори ҳукумат, Пажӯҳишгоҳи наботот бо Пажӯҳишгоҳи физиология, Пажӯҳишгоҳи иқтисод бо Пажӯҳишӯгоҳи демография, геология бо зилзилашиносӣ, давлат ва ҳуқуқ бо фалсафа ва Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ бо Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт як карда шуданд.
XS
SM
MD
LG