Пайвандҳои дастрасӣ

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, 10 Пажӯҳишгоҳи Фарҳангистони улуми ин кишвар дар 5 пажӯҳишгоҳ муттаҳид шуд.

Ин иқдом дар чаҳорчӯби ислоҳоти сохториву маъмурии Фарҳангистони улум аст, ки ҳарфаш аз якуним соли қабл дар забонҳо уфтода буд ва акнун амалан оғоз ёфт.

Аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи наботот бо Пажӯҳишгоҳи физиология, Пажӯҳишгоҳи иқтисод бо Пажӯҳишӯгоҳи демография, геология бо зилзилашиносӣ, давлат ва ҳуқуқ бо фалсафа ва Пажӯҳишгоҳи шарқшиносиро бо Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт як кардаанд.

Аммо ба гуфтаи масъулин, дар ҷараёни ислоҳот танҳо ихтисори маъмурияти ин пажӯҳишгоҳҳо дар назар буда, касе аз ходимони илмӣ мавриди ихтисор қарор нахоҳад гирифт.

Мамадшоҳ Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ниҳодҳои илмии вобаста ба ин Фарҳангистон батадриҷ рӯи худкифоӣ роҳ хоҳанд паймуд ва онҳо мехоҳанд бо таъмини маошҳои беҳтар роҳро барои вуруди ҷавонон ба арсаи илм боз кунанд. Ба гуфтаи оқои Илолов, як далели шурӯъи ислоҳот аз интихоби касби олимӣ ба иллати маоши ночиз даст кашидани насли ҷавон буд, ки ба сурати умум, боиси “пир” шудани илми тоҷик шудааст:



Академияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1951 дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ таъсис шудааст. Академик Маҳмадшо Илолов аз соли 2005 ин ҷониб раёсати ин ниҳоди илмиро бар дӯш дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG