Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Миср


Дар пойтахти Миср ду хабарнигори Радиои Аврупои Озод –Радиои Озодӣ боздошт шудаанд. Роберт Тайт ва Абдуллоҳ Нуаймӣ ҳар ду шаҳрванди Британия буда, дар ҳамин авохир ба хотири таҳияи гузориш ба Миср сафар карда буданд. Нисфирӯзии ҷумъа аснои як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ Тайт хабар дод, ки онҳоро боздошт намудаанд. Хабарнигори дигари Радиои Озодӣ дар Қоҳира иттилоъ медиҳад, ки онҳоро дар як қароргоҳи полис дар наздикиҳои донишгоҳи ал-Азҳар нигаҳ медоранд. Раиси бахши хабарии Радиои Озодӣ Ҷей Толсон аз мақомоти Миср тақозо кард, ки фавран хабарнигорон ва таҷҳизоти онҳоро раҳо кунанд.

XS
SM
MD
LG