Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти "Талко"мегӯянд, сару садо дар мавриди олудагии муҳити атроф бар асари партобҳои корхонаи алюминиюм воқеъият надорад.

Ин мақомот мегӯянд, ки фаъолияти истеҳсолии корхона ҳамеша таҳти назорат қарор аст ва партобҳои он аз ҳадди меъёр таҷовуз накардаанд. "Талко" мегӯяд дар соли гузашта барои коҳиши олудагии муҳити атроф ва таҷдиди системаи фаннии коҳиши партобҳо ҳудуди 30 миллион сомонӣ харҷ кардааст. Ин дар ҳолест, соли гузашта дар Узбакистон соли мухолифати шадид ба фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон буд ва борҳо тазоҳуроту роҳпаймоӣ бар алайҳи "Талко" дар Узбакистон сурат гирифт.

Нуралӣ Қодиров
Масъулони ширкат мегӯянд, дар соли гузашта баъзе аз системаи техникии ҷилавгирӣ аз олоиши ҳаво бо партобҳои ин корхонаро нав кардаанд ва таъсири партобҳои "Талко" ба муҳити атроф аз ҳадди меъёр беш набудааст.

Нуралӣ Қодиров, мудири созмони ҳифзи муҳити зисти ширкати "Талко" гуфт, ин даъво, ки партобҳои ширкат боиси олудагии муҳити ноҳияҳои атроф ва афзоиши бемориҳои мухталиф хоса дар миёни сокинони ноҳияҳои наздимарзии Узбакистон шудааст, асосе надорад: «Мегӯянду менависанд, ки ин бисёр зарари калон дорад, ин нодуруст аст. Ҳама чизе, ки дар атрофи завод аст, аз обу хоку то ҳаво ҳамеша таҳти назорат аст ва тафтиш карда мешавад. Ташхисҳо нишон медиҳад, ки миқдори модаҳои зараровар аз меъёрҳо камтар мебошад. Ин ҳолатро на фақат мо, балки коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳти зист ва институтҳои таҳқиқотӣ ҳам ҳамеша назорат мекунанд».

Ҷаноби Қодиров ҳамчунин афзуд, аз миёнаи соли гузашта то кунун дар мавриди ҷорӣ намудани ду стандарти байналмилалӣ дар истеҳсолоти Талко барномае рӯи даст гирифта шудааст ва то шаш моҳи дигар интизор меравад сертификати онҳо гирифта шавад.

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед



Аммо кишвари Узбакистон аз афзоиши кӯҳи партобҳои корхонаи алюминии Тоҷикистон ва олудагии муҳит ва рӯдхонаҳои атроф бар асари шуста шудани ин кӯҳ ахиран изҳори нигаронӣ кардааст ва аз ҷаноби Қодиров роҷеъ ба вазъи ин кӯҳи партоб суол мешавад.

Ӯ мегӯяд, «Ин даъво асос надорад. Дар воқеъ солона ҳудуди сад ҳазор тонна партоб ҳосил мешавад, ки мо навад дарсади онро дубора коркард мекунем ва танҳо 15 --20 ҳазор тоннаи он ба кӯҳи партоб зам мешавад. Ин партобҳо дар маҷмӯъ ҳудудан 1, 5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Аммо он кӯҳи партоб панҷ қабати муҳофизатӣ дорад ва на муҳиту на обҳои атрофро олуда намекунад».

"Талко" ё дар гузашта корхонаи Алюминиюми Тоҷикистон — ТадАз дар соли 1975 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва бузургтарин корхонаи тавлиди алюминиюм дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳаҷми муомилоти пулии ин корхона солона бештар аз як миллард долларро ташкил медиҳад, аммо роҷеъ ба саҳми он дар буҷаи давлат арқоми мухталифе нашр мешавад.

Бархе иқтисоддонҳо мегӯянд, вобаста ба чунин ҳаҷми муомилот, "Талко" бояд андози бештаре ба буҷа ворид кунад. Ин корхона ҳанӯз муҳимтарин корхонаи саноатии давлат аст, аммо дар тӯли ҷанги дохилӣ ва баъди он, чанд гурӯҳи мусаллаҳ фаъолияти молии онро ба навбат таҳти назар доштанд.

Аз соли 2004 ба ин сӯ миёни раҳбарони собиқи ин корхона ва давлати Тоҷикистон бар сари фаъолиятҳои молии "Талко" дар додгоҳҳои байналмилалӣ баҳси доманадоре идома дошт, ки дар натиҷа ба тавофуқи тарафҳо хотима ёфт, аммо шароити ин тавофуқ то кунун махфӣ дошта мешавад. Ҳамчунин расонаҳои гурӯҳӣ ва мухолифон баҳсҳоеро роҷеъ ба ношаффофии фаъолиятҳои молии "Талко" он матраҳ кардаанд.

Масъулони "Талко" мегӯянд, ки дар соли равон тавлиди алюминиюм то 380 000 тонна расида, ҳудуди 30 000 тонна аз соли гузашта афзоиш хоҳад ёфт. Ва ин дар ҳолест, ки тамоми соли гузашта ҷумбиши зистмуҳитии Узбакистон бо роҳандозии тазоҳурот дар ноҳияҳои наздимарзӣ алайҳи густариши корхонаи "Талко" таблиғот мебурд.

Муҳофизони муҳити зист дар Узбакистон, ки дар порлумони он кишвар низ 15 намоянда доранд, муддаиянд, ки партобҳои корхонаи Талко боиси олудагии муҳити зист ва афзоиши бемориҳои мухталиф дар миёни сокинони наздимарзӣ шудааст. Вале акнун афзоиши тавлидоти алюминиюм, боз ҳам баҳонаи идомаи эътирози ҷумбиши зистмуҳитӣ дар Узбакистон дар соли равон низ хоҳад буд?

Холназар Муҳаббатов, коршиноси муҳити зист дар Тоҷикистон мегӯяд: «Онҳо ба ҳар роҳ талош мекунанд, ки иқтидори заводро паст кунем ва аз нигоҳи иқтисодӣ ақиб биравад. Аммо ҳама гуна корхонае, ки метали ранга тавлид мекунад, партобҳои ба табиат зараровар дорад. Яъне он корхонаҳои Узбакистон низ, ки дар марзи мо вуҷуд доранд ва метали ранга тавлид мекунанд муҳити моро олуда месозанд. Ин маълумоти фаровон дар ихтиёри мо ҳаст. Аммо бояд роҳи ҳал ин бошад, ки ҳарду ҷониб бо насби техналогияҳои муосир ин олудагиҳоро коҳиш диҳанд».

Ба назари таҳлилгарон, Узбакистон ба ҳар гуна густариши минбаъдаи "Талко" мухолифати ҷиддӣ нишон хоҳад дод, вале дар муқобил ҳам Тоҷикистон аз танҳо маҳсулоти саноатии содиротии худ ва ҳамин гуна манбаи аслии воридоти арзи хориҷӣ даст кашида наметавонад. Яъне баҳс, ба гуфтаи коршиносон, дар соли равон низ идома хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG