Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маккейн: Лукашенко "диктатори бераҳму золим" аст


Сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн аз президенти Беларус Аляксандр Лукашенко шадидан интиқод намуда, ӯро “диктатори бераҳму золим” номидааст, ки “дар ҷониби нодурусти таърих” қарор дорад. Маккейн афзуд, ҳаводиси ахири Ховари Миёна ва Миср бояд ба ҳар ҳукумате, ки ҳуқуқи мардумашро поймол мекунад, дарс шавад. Сенатори ҷумҳурихоҳ Маккейн ҳамроҳ бо сенатори демократ Ҷозеф Либерман рӯзи ҷумъа дар Литва бо донишҷӯёни беларусии муқими Литва мулоқот намуд. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо бо назардошти таъқиби мухолифин дар паи интихоботи баҳсбарангези Беларус, ки моҳи декабр бо пирӯзии навбатии Лукашенко анҷом гирифт, бар зидди Беларус таҳрими иловагӣ ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG