Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии эътирозӣ дар Урдун


Рӯзи ҷумъа тахминан як ҳазор нафар бо тақозои ислоҳот дар рӯ ба рӯи қароргоҳи сарвазири Урдун ҷамъ шуданд. Ин гирдиҳамоӣ бо даъвати ҷиноҳи сиёсии ҷунбиши Бародарони мусулмон доир шуд, ки бо номи Ҷабҳаи амали исломӣ шинохта мешавад. Гирдомадагон баъди муддате ба нишони ҳамдилӣ бо мардуми Миср ба тарафи сафорати Миср раҳпаймоӣ намуданд. Рӯзи сешанбе дар ҷавоб ба тақозоҳои ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ шоҳи Урдун Абдуллои 2 Маъруф Бахитро сарвазири ин кишвар таъйин кард. Пешбинӣ мешавад, ки охири ҳафтаи равон Бахит аъзои ҳукумати навро муаррифӣ хоҳад кард. Рӯзи панҷшанбе шоҳи Урдун бо ҳайати Ҷабҳаи амали исломӣ вохӯрда, ваъда дод, ки “иқдомҳои ҷиддӣ” рӯи даст мегирад.

XS
SM
MD
LG