Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бораи таҳаввулоти Миср, ки дар сархати расонаҳои дунёст, шабакаҳои телевизионӣ ба бинандаи тоҷик чизе намегӯянд.

Чунин амалкард ба бовари коршиносон, аз як сӯ маҳдуд кардани дастрасии тамошобини тоҷик ба рӯйдодҳои ҷаҳон аст ва аз тарафи дигар шояд ҳарос аз он аст, ки ин гуна таҳаввулот ба зеҳни тамошобини тоҷик асар хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба масъулони Кумитаи радио ва телевизион ибрат гирифтан аз кори телевизиони «Ал-ҷазира» ва «Евронюз»-ро талқин карда буд.

Дар ҳоле, ки бозтоб ва инъикоси таҳаввулоти ахири кишварҳои арабӣ, ба хусус тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Мисрро шабакаҳои телевизонии саросари олам ба таври густарда ба роҳ мондаанд, шабакаҳои расмии Тоҷикистон аз ҷумла шабакаи аввал ва телевизиони «Сафина» аз пӯшиши ин ҳодисот дар канор мондаанд.

Сукути ин шабакаҳо то ба имрӯз 4-уми феврал идома дошта ва дар қисмати ахбори хориҷии барномаҳои хабарии ин телевизионҳо низ ҳатто дар мавриди ин ҳаводис чизе гуфта намешавад.

Хамӯшии мармузи ин шабакаҳо дар баробари ҳаводиси Миср, суолеро халқ кардааст, ки чаро телевизионҳои Тоҷикистон, ки ҳамеша ба пахши ахбор аз хориҷи кишвар тарҷеҳ медиҳанд, дар бораи ҳодисаҳои Миср чизе намегӯянд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки шабоҳати авзоъи иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии миёни ин кишвар ва Тоҷикистон ва бахусус монандии хеле зиёди авомили бурузи ин ҳаводис бо вазъияти Тоҷикистон ба чунин ҳол сабаб шудааст. Ба бовари Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақили тоҷик, ҳукуматҳои худкомаи минтақа аз бозтоби ин ҳаводис ва расонидани чунин иттилоъ ба мардум ҳарос доранд. Зеро инъикоси тазоҳуротҳои мардумӣ дар кишварҳои арабӣ ба афкор ва андешаи мардум бетаъсир нахоҳад буд:

«Шояд як тарсе аз таъсири ин ҳодиса аст. Ин албатта таъсир дорад ба одамони расмии мо, ки худашон ба тарс даромадаанд. Дар зери таъсири ахбори беруна ва мулоҳизаҳои коршиносони беруна шояд ин тарс дар дили онҳо ҷо гирифт аз ин рӯ пахши ахборро манъ намуданд»

Аммо Асадулло Раҳмонов-раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба рағми чунин иддаоҳо мегӯяд, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар бораи ҳаводиси муҳимми олам ва аз ҷумла ҳаводиси Миср ахбору иттиллоъ нашр мекунад:

«Воқеаҳои Миср инъикос шуда истодааст. Ҳам дар шабакаи «Сафина» ҳам дар « Ҷаҳоннамо» ва ҳам дар Якум. Ҳар рӯйдоду ҳодисае, ки дар ҷаҳон мешавад, ин шабакаҳо инъикос мекунанд»

Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари сокинони кишвар мегӯянд, ки аз ҳаводис ва таҳаввулоти кишварҳои арабӣ тавассути расонаҳои дигар бохабар ҳастанд. Ин сокинон мегӯянд, манобеи мухталиф аз ҷумла интернет, моҳвора ва расонаҳои мустақил имкон медиҳад, ки онҳо аз рӯйдодҳои олам бохабар бошанд:

«Мо бештар ахбори оламро аз сафҳаи радиои Озодӣ ва BBC дарёфт мекунем. Дар хона моҳвора дорем аз каналҳои «Евронюз» ва ё аз каналҳои Русия тамошо мекунем. Масалан «Баҳористон»- дигар каналҳо ҳастанд нишон намедиҳанд. Бештар аз телевизионҳои Русия ва «Евронюз» ва аз матбуот аз рӯзномаи «Имрӯзнюз» аз хабарҳо бохабар мешавем, аз ҷумла дар бораи тазоҳуроте, ки ҳоло дар Миср идома дорад»

Бо ин ҳама бештари коршиносон ва таҳлилгарон мӯътақиданд, ки муносибати якҷонибаи шабакаҳои сартосарии Тоҷикистон аз ҷумла шабаки аввал ва «Сафина» дар инъикоси таҳаввулоти муҳимми дунё ба обрӯ ва имиҷи давлат таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Зеро ин шабкаҳо аз як сӯ ҳуқуқи дастрасии мардуми кишвар ба иттилоъро нақз мекунанд вале аз сӯи дигар осебпазирии ҳокимият дар ин кишварҳоро, ки бархе аз созмонҳои байналмилалӣ дар ин радиф Тоҷикистонро низ мақом додаанд таъйид мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG