Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли хушунат дар Тоҷикистону Қирғизистон


Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ аз эҳтимоли хушунатҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон ҳушдор додааст. Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар гузориши наваш мегӯяд, танҳо талошҳои ҳамоҳангшудаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад тавонист, аз суқути зербинои иҷтимоӣ дар ин ҷамоҳири собиқи шӯравӣ пешгирӣ кунад.
Мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар ин созмон, Пол Куин-Ҷаҷ мегӯяд:
"Дар 5 то 10 соли дигар дар ин ҷо муаллиме нахоҳад монд, ки бачаҳоро дарс диҳад ва духтуре нахоҳад монд, ки беморонро табобат кунад ва зиндагии бе нерӯи барқ одат хоҳад шуд."
Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ фарсоиши зербинои иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро ба он бастагӣ медиҳад, ки сохтмону бино ва дастгоҳу таҷиҳзот вайрон шудаву аз ҳам мепошад ва мутахассисон бознишаста шуда ва ё дармегузаранд. Ҳукуматҳои пасошӯравӣ дар пайи табдил ва такмили ин хадамот нестанд ва сармояе, ки ба ин мақсад ихтисос меёбад, ҳадафи фасод қарор мегирад.
Муаллифони гузориш бархе аз нооромиҳо дар минтақаро ба фарсоиш ва гоҳе ҳам фурӯпошии зербинои иҷтимоӣ бастагӣ медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ба ҷои охирин насли мутахассисони ботаҷриба ва кордони аҳди Шӯравӣ, ба монанди муаллимон, пизишкон ва муҳандисон онҳое меоянд, ки ихтисосро наомӯхтаанд, балки харидаанд.

XS
SM
MD
LG