Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср "Ҷумъаи халос" оғоз ёфт


Рӯзи ҷумъа даҳҳо ҳазор нафар бо тақозои истеъфои президенти Миср Ҳуснӣ Муборак зери шиори “Ҷумъаи халос” ҷамъ шуданд. Тибқи гузоришҳои расида ҷамъомадҳои эътирозии бузург дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира ва маркази шаҳри Искандария барпо шудааст.

Бо назардошти бархӯрдҳои рӯзҳои ахир артиш дар даромадгоҳи майдони Таҳрир посгоҳ ташкил намуда, мардумро тафтиш мекунад.

XS
SM
MD
LG