Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири мисрӣ аз майдони Таҳрир зиёрат кард


Рӯзи ҷумъа дар ҳоле, ки эътирозгарон бо тақозои истеъфои президент Ҳуснӣ Муборак ҷамъ мешуданд, вазири мудофиаи Миср Ҳусейн Тантовӣ аз майдони Таҳрир зиёрат кард. Дар ду рӯзи гузашта майдони Таҳрир шоҳиди бархӯрдҳои хунини тарафдорон ва мухолифини президенти Миср шудааст. Рӯзи панҷшанбе аснои сӯҳбат бо телевизиони ИМА Муборак гуфт, ӯ мехоҳад ба истеъфо равад, вале хавф дорад, ки ин амал кишварро бесарусомон мекунад. Рӯзномаи The New York Times навиштааст, ки мансабдорони амрикоӣ бо мақомоти Миср истеъфои фаврии Муборакро арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG