Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми масъули ҳамла болои наққош эълон мешавад


Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз додгоҳи Дания ҳукми як шаҳрванди Сомалиро, ки бо сӯиқасд ба ҷони муаллифи карикатураҳои пайғамбари ислом муттаҳам мешавад, эълон намояд. Рӯзи панҷшанбе додгоҳи шаҳри Аарҳус иброз дошт, ки Муҳаммад Геели 29-сола шаҳрванди Сомалӣ дар рӯзи соли нави гузашта ба хонаи Курт Вестенгаард ворид шуда, бо корд болои ин наққош ҳамла кард. Аз эҳтимол дур нест, ки муттаҳам ба эъдом маҳкум шавад. Карикатураи Вестергаард яке аз 12 карикатура буд, ки баъди нашри он дар рӯзномаҳои Дания дар соли 2005-ум дар як идда кишварҳои исломӣ эътирозҳои хушунатомез ба вуқӯъ пайвастанд.

XS
SM
MD
LG