Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоди таҷлил аз Наврӯз дар шаҳрдории Душанбе ба зарурати таҳияи рамз ва либоси идонаи наврӯзӣ таъкид кардааст.

Гули сияҳгӯш дар партави нурҳои хуршед, ки аз паси куҳ нур меафканад ва як китоби боз зери он ба тарҳе барои Рамзи Навруз шомил шудаанд. Онро Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони тарҳи пешакӣ мехоҳад ба озмуни Ситоди омодагиҳо ба таҷлил аз Наврӯз дар ҳукумати шаҳри Душанбе пешниҳод кунад.

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагон мегӯяд, ин рамз бояд арзишҳои бостонӣ ва асотирии сарзамини умуми қаламрави таҷлили Наврӯзро фаро гирад ва танҳо ба Тоҷикистон маҳдуд нашавад.

Вай меафзояд, ки мардуми тоҷик рамзҳои зиёде марбут ба арзишҳои фарҳангию динии бостонии худро дорад , аммо як рамзе ки ба унвони герб ва хоси иди наврӯз бошад то ҳол вуҷуд надорад. Ба қавли Бахтӣ ҳукумати шаҳри Душанбе аз ин иқдом пушитибонӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол ҳайати Ситоди омодагиҳои таҷлил аз Наврӯз дар нишасти ахири худ 3 феврал зарурати таҳияи рамзи хоси ин ид ва либоси идонаи наврӯзиро ҳатмӣ дониста, ба ин муносибат 6 гурӯҳи корӣ таъсис дод.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе дар робита ба ин мегӯяд, шаҳрдорӣ Иттиҳодияи нависандагон, мутахассисони Вазорати фарҳанги кишвар, муҳаққиқони Фарҳангистони улум, мақомоти иҷроияи маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, созмони дизайнерон ва гурӯҳи тарроҳони ҷавон ба ин кор ҷалб кард. Онҳо бояд то 10 феврал пешниҳодҳои худро ироа кунанд.

Бар асоси барномаи Ситод дар соли равон Наврӯзгоҳ майдони Аспрез ё Ипподроми пойтахт интихоб шудааст. Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони ин вазорат ба таҳияи рамзи Наврӯз оғоз кардаанд ва дар зарфи як ҳафтаи оянда онро ба Ситоди таҷлили ҷашн пешинҳод хоҳанд кард.

Рамзи нарвӯзӣ бояд ба шакли герб омода шавад, ки мардум дар идгоҳҳо ба сари сина бизананад ва ҳам бо мӯҳри ин рамз дар кортҳои табрикии наврузӣ ҳамдигарро табрик кунанд. Гурӯҳи тарроҳони шаҳри Душанбе низ гуфтанд, ки бо бостоншиносон, ва олимону таърихнависони тоҷик барои шакл додани либоси қадимии хоси наврӯз, ки писанди мардум ва меҳмонон бошад, сӯҳбату гуфтугӯҳо пеш мебаранд.

Шаҳрдори Душанбе тасмим гирифтааст, барои нахустин бор як барномаи густарда бо ширкати ҳунармандон ва овозхонони тоҷик дар шоми 20-ум ва 21-уми март дар майдони Озодии пойтахт баргузор кунанд.

Ҳамчунин мувофиқи барномаи таҷлили Наврӯз дар лаҳазоти ворид шудани соли нав ба сарзамини Тоҷикистон бори аввал оташбозӣ -фейерверк баргузор хоҳад гашт.

Натиҷаи ниҳоии озмуни рамзи наврӯзӣ дар ҷаласаи рузи 10-уми январ эълон хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG