Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти низомӣ дар минтақаи қабилаҳои Покистон


Мансабдорони покистонӣ мегӯянд, ки тахминан 22000 сокини деҳоти назди марз бо Афғонистон аз минтақаи амалиёти низомӣ хориҷ шудаанд. Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ мегӯянд, амалиёт дар минтақаи Моҳманд 27-уми январ бо истифода аз ҳавопаймоҳо, тӯпхона ва нерӯҳои заминӣ оғоз ёфт. Тибқи иттилои ҳукумат дар бархӯрдҳо наздик ба 100 ошӯбгар кушта шуданд. Дар бораи талафоти миёни мардуми осоишта чизе гуфта намешавад. Дар давоми се соли гузашта нерӯҳои покистонӣ дар манотиқи дурдасти қабилаҳо, воқеъ дар марз бо Афғонистон чандин амалиёти низомӣ раҳандозӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG