Пайвандҳои дастрасӣ

3-уми апрел дар Қазоқистон интихобот мешавад


3-уми апрел дар Қазоқистон интихоботи президентӣ доир мешавад. Чанде пеш президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев даъват кард, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ ду сол пеш аз мӯҳлат барпо шавад. Ин пешниҳоди Назарбоев баъди ҳукми Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон дар масъалаи референдум эълон шуд. Додгоҳи конститутсионӣ баргузории назархоҳии умумимардмиро, ки дар он Назарбоев метавонист бидуни рақобат раёсатҷумҳуриашро то соли 2020-ум тамдид намояд, рад кард. ИМА ва САҲА аз ин иқдоми Назарбоев пуштибонӣ кардаанд.

Назарбоев аз соли 1989 ба ин тараф бидуни кадом мухолифати воқеӣ Қазоқистонро сарварӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG