Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои мисриён идома доранд


Мухолифини президенти Миср даъват кардаанд, ки рӯзи ҷумъа шумори бештари эътирозгарон дар гӯшаҳои гуногуни ин кишвар ҷамъ шаванд. Сарвазири нави Миср Аҳмад Шафиқ гуфт, ки вазири умури дохилӣ набояд гиридиҳамоиҳои осоиштаи имрӯзаро халалдор кунад. Дар ҳамин ҳол ИМА изҳор намуд, ки эҳтимол муқовимат ба вуқӯъ пайвандад. Рӯзи панҷшанбе президенти Миср Ҳуснӣ Муборак гуфт, ӯ мехоҳад ба истеъфо равад, вале хавф дорад, ки ин амал кишварро бесару сомон хоҳад кард. Сенати ИМА қатъномае ба тасвиб расонда, аз Муборак хост, як ҳукумати сарпараст ташкил намуда, шароити баргузории интихобот то охири соли равонро фароҳам орад.

Рӯзҳои ахир дар Миср ҳамла болои рӯзноманигорон афзоиш ёфтааст. Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон мегӯяд, ки камаш 24 хабарнигорон дар давоми 24 соат дар боздоштгоҳ буданд. Сухангӯи Қасри Сафед Роберт Гибс ҳамлаҳои ҳадафмандона болои рӯзноманигоронро маҳкум кард. Котиби давлатии ИМА Ҳиллари Клинтон низ бо лаҳни шадид ҳамлаҳоро маҳкум кард:

Ҳукумат Миср ва артиши ин кишвар масъулият доранд, ки афроди мувоҷеҳ бо таҳдидро ҳимоят кунанд ва омилони ҳамлаҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ҳукумати Миср бояд собит кунад, ки ба хабарнигорон шароити ирсоли хабар ба мардуми Миср ва аҳли оламро фароҳам меорад.”

Дар ин байн ноиб-президенти Миср Умар Сулаймон ҷунбини Бародарони мусулмонро ба муколама бо ҳизбҳои дигар даъват кардааст.

Нави Пилай комиссари ҳуқуқи башари СММ мегӯяд, ки дар ҷараёни ошӯбҳои ахири Миср камаш 300 кас кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG