Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таърихи халқи тоҷик" ҷои "Маърифати ислом"-ро гирифт


Вазорати маориф "Маърифати ислом"-ро аз барномаҳои таълимии макотиби миёнаи Тоҷикистон ихтисор кардааст.

Ноилшо Нуралиев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ин амр дар пайи дастури вазири маориф ва ҳайати мушовараи вазорат дар 26-уми январи соли ҷорӣ гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Нуралиев, аз ин ба баъд дар мактабҳои миёнаи кишвар ба ҷои "Маърифати ислом" дарси "Таърихи халқи тоҷик" гузашта мешавад.

Сухангӯи вазорати маориф аз ҷузъиёти бештар дар бораи сабабҳои лағви таълими "Маърифати ислом" худдорӣ кард.

Лағви таълими "Маърифати ислом" дар ҳолест, ки ин китоб ҳанӯз рӯи чоп наомада, муаллимон аз рӯйи дастурамале, ки вазорат барояшон таҳия карда буд, аз манбаъҳои мухталиф ба хонандагон таълим медоданд.

Мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, сар аз соли нави хониши 2010 ба тадриси фанни нави “Маърифати ислом” дар мактабҳои миёна оғоз ёфта буд.

Ин нахустин барномаи комили таълимӣ роҷеъ ба таърихи дини ислом буд, ки дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз сӯи устодони таърих ва адабиёт дарс дода мешуд.

Мақомот он замон мегуфтанд, дар оғоз ин фанни нави таълимӣ танҳо барои хонандагони синфи ҳаштум омӯзонида мешавад, ки дар як сол ҳудудан 34 соати дарсиро дар бар мегирад.

Дар ин китоби таълимӣ, ба гуфтаи масъулони Вазорати маориф, таърихи дини мубини ислом, пайғамбари он Муҳаммад, китоби Қуръон ва шарҳу тафсири он гирдоварӣ шудааст, ки таълим аз рӯйи он сурат мегирад.

Ин иқдоми вазорати маориф ба дунболи даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон гирифта шуда буд, ки дар як суханрониаш дар робита ба бузургдошти соли Имоми Аъзам хостори ислоҳи барномаи таълимии мактабҳо ва мутобиқ кардани онҳо бо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ шуда буд. Аксари рӯҳониён ва коршиносони умури мазҳабӣ аз ин тасмими вазорати маориф пуштибонӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG