Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сомонаи "LifeNews" бо такя ба манобеъи мӯътамад, ҳувияти шахсеро, ки худро дар фурудгоҳи Маскав тарконида буд, ошкор кардааст.

Ба иддаои ин сомона, маргталаб сокини 20 солаи Ингуштистон Муҳаммад Евлоев будааст.

Мақомоти ҳифзи тартиботи Русия ин итилоъро ҳанӯз рад ё тасдиқ накардаанд. Аз ин пеш раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников гуфта буд, ки ному насаби маргталаб ошкор шудааст ва ӯ зодаи Қафқози шимолист.

Ҷаноби Бортников гуфта буд, ки чанд нафар ба гумони ҳамдастӣ дар инфиҷори 24-уми январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав боздошт шудаанд.

Бортников зимни суханони худ аз телевизион гуфта буд, ононе, ки боздошт шудаанд, дар бораи омилини ин инфиҷор хабар доранд ва тарроҳони ин амалро мешиносанд. Ба гуфтаи Бортников, "мақомот медонанд, ки созмондиҳандагони ин амали террористӣ чӣ касонанд".

Дар инфиҷори 24-уми январ дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав 36 нафар кушта шуданд, ки 3 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG